расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Маҳзунро дар Душанбе ба хок супурданд

. / Ҷомеа

Маҳзунро дар Душанбе ба хок супурданд

Ӯ як рӯз пеш аз маргаш навишта буд, ки саломатияш хуб нест ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.


Шоири варзида ва рӯзноманигори тоҷик Сафар Аюбзодаи Маҳзунро, ки имшаб дар сини 64-солагӣ даргузашт, дар Душанбе ба хок супурданд. Ӯ як рӯз пеш аз маргаш навишта буд, ки дар боморхонаи маъруф ба "Якум Советский" зери дастгоҳи тнаффусӣ қарор дорад. 
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоирону фарҳангиёни зиёде марги Маҳзунро талафоти калоне барои адабиёти тоҷик донистаанд. 
Маросими видоъ ва ҷанозаи шоир дар манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони Душанбе доир шуд. Далели маргашро расман нагуфтаанд, вале наздиконаш мегӯянд, ки ӯ дар бемористони "Якум Советский" аз бемории ҳамагир табобат мекард.
Бародари шоир Бобохон Аюбов ҳам дар оғози ҳамин беморӣ, баҳори имсол дар ҳамин беморхона фавтида буд, ки он вақт гуфта мешуд далели маргаш илтиҳоби дутарафаи шуш аст. Аммо Маҳзун он вақт навишта буд, ки бародараш аз коронавирус фавтид.
Сафар Аюбзодаи Маҳзун узви Иттиҳодияи нависандагон ва рӯзноманигорони тоҷик буд, ки дар доираҳои адабӣ бештар бо ашъори танзомез ва ҳаҷвии худ маъруф буд. 
Маҳзун 7 январи соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод мактабро хатм кардааст. Хатмкардаи риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Корро ба унвони омӯзгор оғоз карда , дар нашрияҳои "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа", "Роҳи ленинӣ" кори рӯзноманигории худро шуруъ кардааст.
Баъди солҳои 90-ум ба Душанбе омада, ин ҷо дар чанде аз нашрияҳо ва расонаҳои дигар ба унвони хабарнигор, ходими адабӣ ва ҳатто сардабири маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"-и Вазорати молияи Тоҷикистон кор кардааст. 
Китобҳои шеъри "Нафаси ишқ", "Шарораи шавқ", "Ай ишқ, наҷотам деҳ!", "Ранҷи ишқ ширин аст", "Саду як дарди ишқ", "Сурайёнома", "Гулбоз", "Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!", "Афсонаи шодӣ", "Бадеҳаи ашк", "Таронаи ишқ", "Давлати ишқ", "Таронаи ифтихор", "Сад пора дили маҳзун"-и шоир дар давраҳои гуногун нашр шудаанд. 
Сафар Аюбзодаи Маҳзун намоишномаҳое ҳам барои театру телевизион менавишт, ки "Базми хосаи Мушбону", "Ашӯламоҳ ва Фалакбой", "Чароғи маърифат", "Гуфтугӯ бо театр" ва "Моҷаро" намунае аз онҳоянд.
Маҳзун дар баробари доштани баъзе унвонҳои соҳавӣ, ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистон Тоҷикистон низ буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.