расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЗУЛАЙХО БО ҲАМДАСТИИ МАНИЖАИ ДАВЛАТ АЛБОМИ НАВАШРО МУАРРИФӢ КАРД

. / Ҷомеа

ЗУЛАЙХО БО ҲАМДАСТИИ МАНИЖАИ ДАВЛАТ АЛБОМИ НАВАШРО МУАРРИФӢ КАРД

 Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик албоми ҷадиди сурудҳояшро бе иштироки мухлисон саннаи 16 ноябр дар тарабхонаи машҳури "Яккасарой ба ҳаводорони ҳунараш муаррифӣ кард. 

Муаррифии албом таҳти унвони “Намебахшам” дар тарабхонаи “Яккасарой”-и пойтахт бо иштироки танҳо ва танҳо ҳунармандони маъруф сурат гирифт ва шакли пурраи навори он санаи 20-уми ноябр, соати 18:00 ба вақти Тоҷикистон дар саҳифаи шахсии овозхон дар шабакаи YouTube ба намоиш гузошта мешавад.

Тасмими бидуни тамошобин муаррифӣ кардани албом ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гирифта шудааст. Чун ҳоло дари толорҳои коснертӣ баста ва ташкилу баргузории ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ манъ шудааст, овозхон қарор додааст, албоми навашро, ки фарогири беш аз даҳ таронаи ҷадид аст, тариқи шабакаи YouTube ба саҳми мухлисонаш бирасонад. Ҳамчунин, бону Маҳмадшоева ваъда додааст, ки дар кутоҳтарин фурсат барномаи консертиашро барпо карда, хотири мухлисонашро шод мегардонад.подробнее тдж: https://oila.tj/news/zulaykho-bo-amdastii-manizhai-davlat-albomi-navashro-muarrif-kard


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.