расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ

Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Маҳмадаминов Наврӯз Давлаталиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Шакман», бе рақами қайди давлатӣ, таҳти идораи Азимов Қудбуддин Асоевич, соли тавал-лудаш 1970, сокини шаҳри Ҳисор, ронандаи ҶДММ «Роҳи Тоҷик», ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Опел-Астра» Маҳмада-минов Абдусалом Сатторович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Мар-донов Раҳмоналӣ Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1962 ва Ҳабибуллоева Зебо Давроновна, соли таваллудаш 1967, ис-тиқоматкунандагони ноҳияи Восеъ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардо-шта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.