расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ХАЙРИНИССО ЮСУФӢ БА АЁДАТИ КӮДАКОНИ ШОИР АЛИШЕРИ МУҲАММАДӢ РАФТ

. / Ҷомеа

ХАЙРИНИССО ЮСУФӢ БА АЁДАТИ КӮДАКОНИ ШОИР АЛИШЕРИ МУҲАММАДӢ РАФТ

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ имруз аз хонаводаи шоир, мутарҷим, мунаққид, номзади илмхои фалсафа, Алишери Муҳаммади, ки 17-ноябр бар асари сактаи қалб фавтид дидан кард. 
Аз дастгоҳи марказии ҲХДТ гуфтанд, Хайриниссо Юсуфӣ таъзия ва тасаллияти Раиси ҲХДТ - Эмомалӣ Раҳмонро ба модар, ҳамсар ва наздикону пайвандони марҳум расонид. Манбаъ гуфт, ки ҳангоми боздид ба хонаводаи марҳум кӯмакҳо аз қабили маводҳои ғизоӣ расонида шуд. Хайриниссо Юсуфӣ ба наздикони маҳрум гуфтааст, ки ба фарзандони ноболиғи Алишери Муҳаммадӣ омодаанд пайваста кӯмак намоянд. Гуфта мешавад, ин иқдомҳо дар доираи барномаҳои ҳизб, ки дастгирии ниёзмандону эҳтиёљмандон дар меҳвари он қарор гирифта, татбиқ карда мешаванд. Ёдовар мешавем, Алишери Муҳаммадӣ, шоир, мутарҷим, мунаққид, номзади илмхои фалсафа, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик рӯзи 11 ноябр дар синни 43 - солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ 22 июли 1977 дар ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шуда, 16 ноябри 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистондаргузашт. Алишер Муҳаммадӣ шоир ва донишманди тоҷик, номзади илмҳои фалсафа, узви ИЖ Тоҷикистон (аз соли 2007) ва Иттифоки нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2005), хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДМТ (1999), омӯзгори мактаби миёнаи № 1, директори мактаби миёнаи № 52 (1997—2001), мушовири шӯъбаи маориф (2001—2002), мудири шӯъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёт (2002—2005), омӯзгори Маркази омӯзиши таълими модулӣ дар ноҳияи Рашт (2005—2009), сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» (2005—2009) буд. Аз соли 2010 директори корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Осори манзумаш дар маҷмӯаҳои «Никоҳи аҷуза» (2003), «Ранги ҳавасҳо» (2005), «Сафинаи зиё» (2010) фароҳам омада, мавзӯъҳои ишқ, васфи табиати кӯҳсор ва инсондӯстиро дар бар мегиранд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/khayrinisso-yusuf-ba-aedati-kdakoni-shoir-alisheri-muammad-raft

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.