расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Таъсиси филиали Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур дар Душанбе

. / Ҷомеа

Таъсиси филиали Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур дар Душанбе

Филиали ин Донишкада ҳанӯз соли 2007 дар Тошканд боз шуда буд.

Бинои Донишкада дар Сингапур
Сурат: russiaedu.ru
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси филиали Донишкадаи рушди мудирият (менеҷмент)-и Сингапур дар Душанбе қарор ба имзо расонид.
Дар санад қайд мешавад, ки филиали донишкада “бо мақсади минбаъд такмил додани тайёр кардани кадрҳои соҳибтаҷрибаи дорои маълуомти олӣ ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи маориф” таъсис меёбад.
Ба сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки таъсиси филиали ин муассисаи таълимиро дар пойтахт маъқул шуморанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳандозии тадбирҳои зарурӣ баҳри ҳалли масоили тадорукотиву ҳуқуқии таъсиси филиал уҳдадор шудааст.
Нзорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини сарварзири ҷумҳурӣ вогузор шудааст.
Қобили зикр аст, ки филиали Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур ҳанӯз соли 2007 дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ гардида буд.
Донишкадаи рушди мудирияти Сингапур (Management Development Institute of Singapore, MDIS) нахустин донишкадаи ғайритиҷоратии таҳсилоти касбӣ дар Сингапур буда, соли 1956 таъсис дода шудааст.
MDIS Singapore дар ҳамкорӣ бо макотиби олии маъруфи ИМА, Австралия ва Британияи Кабир давраҳои омӯзишии сертификатсионӣ ва барномаҳои таҳсилоти олӣ дар бахшҳои тиҷорату мудирият, муҳандисӣ, мӯду тарроҳӣ, сайёҳӣ ва тиҷорат дар меҳмонхонаҳо, IT, равоншиносӣ, расонаҳо, инчунин тибро пешниҳод мекунад, ки минбаъд ба хатмкунандагон баҳри комёбӣ дар касбу кори худ имкони зиёд фароҳам месозад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.