расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ХУНИ ҶИГАРАМРО ОБ КАРДӢ ПАДАР!

. / Ҷомеа

ХУНИ ҶИГАРАМРО ОБ КАРДӢ ПАДАР!

Салом кормандони «Оила»! Муштари ҳамешагии шумоям. Ба ғаму дарди зиёд гирифтор шудаам ва мехоҳам тариқи сомона рози диламро ба падарам, ки корманди яке аз мақомотҳои қудратии кишварамон аст, бигӯям.

Ягона фарзандатон меравад, падар. Падарашро дар дилаш гӯр карда меравад! Дигар Лайлоҷонам нарав гуфта гиряву зорӣ накунед. Дигар «духтарам, илтимос, аз аспи ҷаҳл фаро, баргард» ҳам нагӯед.
Иншоолоҳ баъди рафтани ман шумо хушбахт мешавед, падарҷон. Бо зани наватон хушбахт мешавед. Аз марги модарам як сол ҳам нагузашта зан гирифтед. Ҳарчанд зорӣ кардам, ки ақаллан то сари соли модарам ин корро накунед, маро шунидан нахостед. Барои як зан шуда маро задед, сару рӯямро сиёҳу кабуд кардед, мӯямро кандед. Ёд доред, ҳамон вақт гуфта будам, ҳамон рӯзе, ки зани наватон аз дар медарояд, ман баромада меравам. Заҳрханда карда гуфтед: «Нозу нузи туро ба ғайр аз хонаи ман дигар дар ягон ҷо намебардоранд, духтар!» Бигзор нозамро касе набардорад, бигзор сарсону саргардон ва ба як бурда нон зор шавам, ҳарчи бодо бод, меравам! Беҳуда намегуфтаанд: «Модар, ки бимурд, падар падарандар гардад!» Акнун ман ба ҳақиқати ин масал бовар кардам. Аз рӯзе, ки модарам аз дунё гузашт, шумо барои ман падарандар шудед. Марги модарам маро руҳан кушта буд, шумо бошед, бо зангириатон дубора маро куштед. Пеши роҳамро нагиред, монед ин ҷисми зиндадаргӯрамро ба ягон гӯшае барам, ки касе маро надонаду нашиносад. Дониста бошед, шумо наметавонед маро зӯран нигоҳ доред, агар бо хӯшӣ аз сари роҳам дур нашавед, мегурезам. Фирор мекунам, аз падаре, ки барои зан шуда фарзандашро мезанад. Пештар бо ифтихор ба дугонаҳоям дар бораи шумо нақл мекардам, акнун аз онҳо шарм медорам. Маълум мешавад, ки ман одамшинос набудаам, шуморо фаришта гумон мекардам, аммо…
Орзуҳоямро дар дилам куштед, муҳаббати маро ба хоки сиёҳ яксон намудед, дигар дар як хона зистани ману шумо маънӣ надорад падар. Беҳтараш маро азоб надиҳед, монед бо роҳи худ рафта ҳаётамро дар ҷои дигар бисозам. Боварӣ дорам, ки холаҳоям маро хор шудан намегузоранд ва ҳамчун ягона нишонаи хоҳари ҷавонмаргашон мисли гавҳараки чашмонашон эҳтиёт мекунанд. Ба шаҳр рафта албатта ба ягон донишгоҳ дохил мешавам ва роҳи худро дар зиндагӣ меёбам. Алвидоъ, падарҷон!
Лайлои дидагирён.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/khuni-igaramro-ob-kard-padar



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.