расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистон барфпӯш мешавад

. / Ҷомеа

Тоҷикистон барфпӯш мешавад

Ба таври назаррас поинравии ҳарорат дар назар аст.

Сурат: gismeteo
Дар Тоҷикистон пагоҳ, 19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришот бошиддат ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу-ғарб бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои манбаъ, шаби 19 ноябр ба 20 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 5-100 хунук, дар вилояти Суғд то 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-17хунук мешавад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзҳои 19-21 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.