расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистон содироти маҳсулотро $475 млн зиёд кард

. / Ҷомеа

Тоҷикистон содироти маҳсулотро $475 млн зиёд кард

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 30% зиёдтар аст.

Сурат: hvylya.net
Давоми 10 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,3% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) қариб 1,2 млрд долларро ташкил дод.
Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба зиёда аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30,4%  бештар мебошад.
Молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол ба Швейтсария (55% аз ҳаҷми умумӣ), Туркия (13,4% ва Қазоқистон (9,2%) содирот шуд.

Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (афзоиш 3,1 баробар), инчунин маҳсулоти гуногуни саноатӣ, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ ва маҳсулоти растанӣ интиқол ёфт.
Ҳаҷми воридот тӯли 10 моҳ зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3% (75 млн доллар) камтар мебошад.
Ба Тоҷикистон имсол асосан аз Русия (30,6% аз ҳаҷми умумӣ), Қазоқистон (23,6%) ва Чин (14,8%) молу маҳсулоти гуногун ворид карда шуд.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба - $804 млн), Қазоқистон ($713 млн), Швейтсария ($693 млн), Чин ($400 млн), Ӯзбекистон ($272 млн) ва Туркия ($265 млн) дониста шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.