расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Роҳи оҳан" омодааст, мусофирони тоҷикро аз Русия биорад, вале кишварҳои ҳамсоя ризоят надодаанд

. / Ҷомеа

"Роҳи оҳан" омодааст, мусофирони тоҷикро аз Русия биорад, вале кишварҳои ҳамсоя ризоят надодаанд


Масъулони "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон гуфтанд, омода ҳастанд, ки мусофирбарӣ дар роҳи Душанбе-Маскав-Душанберо аз сар гиранд, аммо кишварҳои ҳамсоя “бинобар вазъи ногувори беҳдоштӣ” иҷоза намедиҳанд.
Анвар Латифзода, сардори котиботи корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”, 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи июл инҷониб масъалаи аз сар гирифтани мусофиркашониро баррасӣ доранд.
Ӯ гуфт: "Агар гӯянд, пагоҳ ба мусофирбарӣ оғоз кунед, мо омода ҳастем. Аммо ин аз мо вобаста нест, балки аз мақомоти беҳдоштӣ вобаста аст. Дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ ва кишварҳои наздики Балтик, Созмони ҳамкориҳои роҳи оҳан амал мекунад. Дар доираи созмон гуфтушунидҳо идома дорад. Ҳама чиз аз вазъи эпидемиологӣ вобаста аст.”
Латифзода афзуд, дар ҳоле ки қаторҳои мусофиркашонӣ дар истгоҳҳо бекоранд, ширкат бо истифода аз фурсат ҳама вагонҳоро таъмир кард. Дар идораи “Роҳи оҳан” ҳудуди 1400 роҳбалад кор мекунанд, вале бинобар хавфи пандемия ва қатъи мусофиркашонӣ ба хориҷ бекор мондаанд. “Ширкат ба онҳо маош медиҳад ва албатта ин хароҷот бар зарар аст”, -- гуфт Латифзода.
Дар ҳамин ҳол, борбарӣ тариқи қаторҳои “Роҳи оҳан” идома дорад ва ба гуфтаи масъулон нисбат ба соли пешина бештар шудааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон 4 миллиону 647 ҳазор тонна бор кашонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 650 ҳазор тонна бештар аст.
Масъулони “Роҳи оҳан” мегӯянд, мусофиркашонӣ бо воситаи қаторҳо танҳо дар масирҳои дохили кишвар идома дорад. Айни замон қаторҳои мусофиркашонӣ дар масири Турсунзода-Душанбе рӯзе ду бор сурат мегирад.
Ҳамчунон ҳафтае ду бор қаторҳо дар масири Душанбе-Бохтар Кӯлоб ва Душанбе-Бохтар-Шаҳритус равуо мекунанд. Ба гуфтаи Латифзода, деҳқонон аз ин масир зиёд истифода мекунанд ва молу маҳсулоти худро барои фурӯш ба пойтахт меоранд. Аз ин рӯ, ширкат ба мусофирон иҷоза додааст, ки то 60 кило борро ройгон интиқол диҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.