расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Нафақа 31 сомонӣ зиёд шудааст, на 15 дарсад!

. / Ҷомеа

Нафақа 31 сомонӣ зиёд шудааст, на 15 дарсад!

Ҷанҷоли зиёд шудани нафақаро Агентии нафақаи Тоҷикистон шарҳ дод

Сурат: Asia-Plus
Пас аз зиёд шудани нафақа дар Тоҷикистон, бештари бознишастагон (нафақахӯрон) дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он нигаронӣ намуданд, ки баъди гирифтани он, нафақаи онҳо мисли қаблӣ дода шуд ё чанд дарсади зиёдшудаи он ба дасти онҳо нарасидааст.
Тибқи мушоҳида чунин ҳолатҳо зиёд буда, ба идораи  “Азия-Плюс” низ модари Бобоев А. кӯдаки 6-солаву 8-моҳаи маъюб муроҷиат намуда, гуфт, ки нафақаи фарзандаш зиёд нашудааст.
Ин зан мегӯяд, “ба шуъбаи нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ рафта, сабаби зиёд нашудани нафақаи писари маъюбамро пурсон шудам. Дар посух масъулон гуфтаанд, ки нафақа барои кӯдакони то 12-сола зиёд нашуд. Дигар чизе нагуфта берун шудем”.
Дар мавриди масъалаи мазкур аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар асоси фармони президенти кишвар аз 4 августи соли равон таҳти рақами 1580 кӯдакони маъюби то 18-сола (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд, намуда, онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд), дигар гурӯҳи маъюбоне, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз доранд, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони ҶТ” таъин шудааст, ба андозаи 50 фисади ҳади ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда шуд. Ин ниҳод мегӯяд, ки зиёд нашудани нафақаи кӯдакони маъюби то синни 12-сола асос надорад.
Ин ниҳод мегӯяд, ки дарсадии зиёд шудани нафақа дар Тоҷикистон на аз рӯйи ҳаҷми нафақа, балки аз андозаи ҳадди аққали нафақа мебошад.
Дар ин ниҳод ҳамчунин мисол оварданд, ки агар нафақагири маъюб то 1 сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми нафақааш 180  сомониро дар бар мегирфт. Пас аз 1 сентябри соли равон 103,50 сомони дигар зам мегардад. Яъне 50% аз 207 (ҳадди ақали нафақа) = 103,50 сомонӣ +283,50 сомонӣ нафақа зиёд шудааст.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки  сабаби ба бархе нофаҳмиҳо дучор гардидан дар ҳамин аст, ки бархе бознишастагон дақиқан чанд фоиз зиёд шудани нафақаро дарк накардаанд. Яъне нафақаи меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагии деҳқонӣ), бе назардошти нафақа барои хидматҳои дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар ҶТ на 15 фисад, балки 15 фисади ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд шудааст.
Ҳамзамон ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки нависанда Абдулқодир Рустам, яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоӣ низ дар саҳифаи  Facebook худ мушкили мазкуррро баррасӣ намуда, навиштааст, “ФИРЕБИ БУЗУРГ Ё ҲИСОБИ НОДУРУСТ?”
“ Мутобиқи фармони президенти кишвар аз аввали сентябр бояд ҳуқуқи бознишастагон 15 дарсад  афзоиш меёфт.  Ҳафт рӯзи моҳи ноябр ҳам гузашт, аммо ҳуқуқи бештарини бознишастагоне (нафақахӯрон),  ки ман мешиносам  10 дирам ҳам афзоиш наёфт... ниҳодҳои ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон муҳр бар лаб задаанд ва  сабаби иҷро нашудани фармони президентро шарҳ ҳам намедиҳанд... Оё  фиреб дар матни худи фармони президент нуҳуфтааст ва  ё хазинаи давлат холист, ки имкони афзудани  ҳуқуқи бознишастагонро надоранд ва аз  оғоз ҳисобу китоби  кормандони риштаи молия хато буд?”.
Номбурда ҳамзамон илова кардааст, ки бештари бознишастагони тоҷик  ҳуқуқи ночизе дарёфт мекунанд, ки барои масрафи як ҳафта ҳам барои онҳо кифоят намекунад ва дар ин ҳол фиреб кардани онҳо ноҷавонмардона аст.
Аз маълумоти пешниҳодии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ бармеояд, ки дар Тоҷикистон андозаи нафақа на аз ҳисоби ҳаҷми умумии он, балки аз ҳисоби ҳадди аққали нафақа зиёд шудааст. Ҳадди аққали нафақа дар Тоҷикистон 207 сомонӣ мебошад. Яъне нафақаи бознишастагон 15 дар сад танҳо аз ҳизоби ҳамин 207 сомонӣ зиёд шудааст.
Мисол: Салимов С. То 1 сентябри соли 2020 ҳаҷми нафақааш 420 сомонӣ буд. Пас аз 1 сентябр соли 2020 нафақааш чунин зиёд шуд: 15% аз 207 (ҳадди ақали нафақа) = 31,05 сомонӣ +420 = 451,05. Мешавад хулоса кард, ки нафақа ҳамагӣ 31,05 сомонӣ зиёд шудааст.
Гарчанде бархе мегӯянд, нафақаи зиёдшудаи худро ахиран гирифтаанд, вале ҳанӯз сари ин масъала сару садоҳои зиёде вуҷуд доранд, ки бояд ҳалли худро пайдо намоянд ё дар ҳолати нофаҳмиҳо масъулон бояд маълумоти дурустро барои нафақгаирон бифаҳмонанд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки агар шаҳрвандон нафақаро дарёфт накарданд ё мушкилиҳои дигар дар мавриди таъйину пардохти нафақа доранд, бо ин рақамҳо занг зананд:  2230325 (Раёсати таъъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ нафақа), 2230334 (Раёсати назорати таъиноти пардохти нафақа ва маблағҳои андухтӣ), 2230370 (Раёсати танзими кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳои касбӣ).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.