расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Митч МакКоннел аз хуруҷи босуръати нирӯҳо аз Ироқу Афғонистон ҳушдор дод

. / Ҷомеа

Митч МакКоннел аз хуруҷи босуръати нирӯҳо аз Ироқу Афғонистон ҳушдор дод


Митч МакКоннелл, раҳбари аксариятҳо дар Сенати ИМА. Акс аз моҳи марти соли 2020

Митч МакКоннелл, раҳбари аксарият дар Сенати ИМА рӯзи 16-уми ноябр, баъди он ки президент Доналд Трамп эълон кард, ки дар чанд рӯзи наздик дар Ироқу Афғонистон нирӯҳоро кам мекунад, аз коҳиши босуръати сарбозон дар ин кишварҳо ҳушдор дод. МакКоннелл - пешвои ҷумҳурихоҳҳо дар Сенат, гуфт, ки ба чунин шакл кам кардани нирӯҳо ба тундгароҳо баҳона мешавад, ки таблиғоти пирӯзии худро ба роҳ монанд. МакКоннелл гуфт, ки аз ин тасмим “Ал-Қоида барои пропагандаи пирӯзии худ ва эҷоди паноҳгоҳи нав дар ташкили ҳамлаҳо алайҳи Амрико” истифода хоҳад кард. Ба андешаи ин сенатор, тасмими мазкур метавонад таҳқиромез шавад. Зимни суханронии худ дар Сенат ӯ гуфт, ки намоиши саҳнаҳое аз тарки пойгоҳҳову берункашии таҷҳизоти низомиёни амрикоӣ “ба ҳайси мағлубияту таҳқири ИМА ва пирӯзии тундгароии исломӣ талаққӣ хоҳад шуд”. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки хабарҳое паҳн шуд, ки мегӯяд, Пентагон амр гирифт то замони савгандёдкунии Ҷо Байден дар мақоми президенти нави ИМА дар таърихи 20-уми январ 2 ҳазор сарбозро аз Афғонистон ва 500 низомиро аз Ироқ ба ватан баргардонанд. Баъди ин дар ҳардуи ин кишварҳо шумори низомиёни амрикоӣ 2500 нафарӣ боқӣ мемонад ва ин камтар аз он шуморест, ки мақоммоти низомии амрикоӣ барои таъмини субот дар ин кишварҳо кофӣ номида буданд. Пентагон хабари дарёфти дастури берункашии нирӯҳоро тасдиқ накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.