расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТОП-10: Беҳтарин довталабони донишгоҳҳои Тоҷикистонро бишносед

. / Ҷомеа

ТОП-10: Беҳтарин довталабони донишгоҳҳои Тоҷикистонро бишносед

Мақоми аввалро касе гирифтааст, ки аз 500 балли имконпазир 492 балл ба даст овардааст.

Сурат: Asia-Plus
Дар Душанбе маросими туҳфасупорӣ ба беҳтарин довталабони соли хониши 2018-2019 баргузор шуд. Онҳо имтиҳонҳоро бо баллҳои баландтарин - аз 430 то 492 балл аз 500 балли имконпазир супурданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ, дар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Азбаски тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) натиҷаҳои дар ИМД-2018 бадастовардаи довталабони дар мақоми 10-ум ва 11-ум қарордошта баробар буд, ба даҳгонаи беҳтарин дар ИМД-2018 11 нафар дохил гардиданд. Инчунин, ҳарчанд дар ИМД-2019 ба даҳгонаи беҳтарин 10 нафар дохил гардида бошанд ҳам, 1 нафар аз ВМКБ ҳамчун довталаби беҳтарин аз ин вилоят интихоб гардид.
Зинаи аввали 10-гонаро дар соли 2019 Фирдавс Сайдалиев ишғол намуд, ки дар имтиҳонҳо аз 500 балли имконпазир 492 ва дар рейтинг аз 257 холи имконпазир 251 хол ба даст овард.
Ба довталабони беҳтарин ифтихорнома ва планшетҳо тақдим карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ҳавасмандсозии хонандагон ба супурдани имтиҳонҳо бо баллҳои баланд мебошад.
Қобили зикр аст, ки маросими туҳфасупорӣ ба 10-гонаи беҳтарин довталабон соли дуюм инҷониб баргузор шуда, лекин маросими туҳфасупорӣ ба онҳо бори нахуст доир мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.