расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СУРАЙЁ БО КУДАКИ 8 МОХААШ ДАР КУЧА МОНД! (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

СУРАЙЁ БО КУДАКИ 8 МОХААШ ДАР КУЧА МОНД! (ВИДЕО)

Ҳашт моҳ аст, ки Сурайё Шариповаи 24-сола ба ҳоли зори худ ва тифлаки бепадараш хун мегиряд. Чашмони ин ҷавонзани бе касу кӯй аз гиряву нолаи бисёр ва дарду ранҷҳои зиндагии нобасомон хира гашта, ба гирдоби дард печидааст, аммо касе ба додаш намерасад.
Муддати 5 моҳ мешавад, ки Сурайё бо писарчаи 8-моҳааш дар як сохтмони нотамом, дар хонаи бе дару бе тиреза, дар байни хоку лой умр ба сар мебарад. Рӯзе, ки мо ба аёдати ин зани бетолеъ рафтем, борони сел меборид ва чунон сард буд, ки ҳатто бо либоси гарм бадани кас виҷиррос мезад. Барои андаке ҳам бошад, гирифтани пеши роҳи хунукӣ ӯ ба ҷойи холии тирезаҳо ду рӯйҷойи тунукро бо мех васл карда буд, аммо шамол мисли аждар ҳар замон ба хонаи бетониаш сар халонда, бо нафаси сардаш манзили сарди ӯро боз ҳам сардтар ва зиндагии пуразобашро талхтару сангинтар мегардонд.

Писарчаи 8-моҳаи Сурайё дар чунин хунукии қатфарсо таги як либоси бе остини тобистона буд. Бадани ин тифлаки маъсум аз шиддати сармо каб-кабуд гашта, беист гиря мекард. Бо дидани аҳволи риққатовари ин модари сарсону тифлаки ятимаш дилам ба дард омада, дар чашмонам беихтиёр қатраҳои ашк ҳалқа заданд. Биёед, беҳтараш саргузашти талхи Сурайё Шариповаро аз забони худаш бишнавем.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зани дар кӯча монда ва тифлаки ятимаш дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 918-93-71-76. Рақами корти бонкии Сурайё Шарипова: 4126611006948090подробнее

                                                                
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.