расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "АГАР БА ЗАНИ ДУЮМАМ КОР ГИРӢ СЕ ТАЛОҚ"- ТАҲДИДИ ШАВҲАР БА ЗАН

Ҷомеа / Ҳаводис

"АГАР БА ЗАНИ ДУЮМАМ КОР ГИРӢ СЕ ТАЛОҚ"- ТАҲДИДИ ШАВҲАР БА ЗАН

 Шоҳи хонадон

Бо шавҳарам аз рӯйи ризоияти волидайн хонадор шудем, ман намегӯям, ки соҳибҷамоли дунё будам, аммо харидорони зиёде доштам. Зеро духтари меҳнатии бо дасту панҷа ва хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббӣ будам. Падару модарам хостгории хонадони бонуфузеро қабул карданд, домодшавандаро хуб мешинохтам. Азиз як сол аз ман калон буду дар пойтахт дар кадом донишгоҳе таҳсил мекард. Падару модарам, ҳатто аз ман напурсиданд, ки розӣ ҳастӣ ё не? Ман низ чун дигар духтарони русто гап гапи калонсолон гӯён, ба чашми волидонам нигоҳ накардам. Тӯйи мо тобистон ҳангоми таътили Азиз баргузор гашт, шавҳарам як моҳ ҳамроҳи ман буд, баъд ӯ ба пойтахт рафту ман бо хусуру хушдоманам мондам. Дар ҳамин муддат ман характери шавҳарамро хуб омӯхтам, ӯ мисли хас зуд дар мегирифт. Баъд ҷиддӣ ба ман гуфт, ки дар хонадон ман шоҳам ва чизе бигӯям, ҳамон мешавад.Ман бо фармони ӯ кор мекардам, чизе мегуфт, гапашро дар замин намегузоштам.Хусуру хушдоманам маро мисли фарзанди худашон дӯст медоштанду насиҳатам мекарданд, ки ҳамеша аз шавҳарат хабардор бош, зеро ӯ тез аст…

  Зиндагӣ дар шаҳр

Азиз дар соли ахири донишгоҳ мехонд, чун донишгоҳро хатм кард, дар шаҳр монд ва хонаеро иҷора гирифта, мани ҳомиладорро ҳамроҳаш ба шаҳр овард. Шавҳарам дар як ташкилот муҳосиб буду зиндагиямонро ба зур пеш мебурдем, баъди калонтарак шудани писарам ман низ ба кор баромадам, то ба шавҳарам каме кӯмак шавад. Мо дар якхонагии бетаъмире иҷора мешиштем ва соҳиби хона онро ба фурӯш гузошт. Хусуру хушдоманам, падару модари ман ва бародарони шавҳарам ёрӣ доданду мо он хонаро харидем. Оҳиста-оҳиста онро таъмир ҳам кардем ва писари дуюмам ба дунё омад. Кори шавҳарам ҳам хубтар шуду қарзу қавола кардаю ин хонаро фурӯхта, дар як гӯшаи шаҳр як сехонагӣ гирифтем. Зиндагиямон рӯз аз рӯз хубтар мешуд. Нав қарзҳои хонаро канда будем, ки шавҳарам боз қарз карда, мошин харид. Аслан ӯ аз ман ягон гапро намепурсид, чӣ мехарад, чӣ намехарад ва ман низ аз фаромони «шоҳ» берун набаромада, зиндагиро идома медодам.
Ростӣ, ба шавҳарам ҳеҷ гоҳ барои ҷангу ҷанҷол дастак намедодам, аммо баъзан бе ягон гап маро зери мушту лагат мегирифт. Шавҳарам қади баланд дошта бошад ҳам, лоғарандому безеб буд. Шояд ягон зан ба ӯ ҳусни таваҷҷуҳ надошт ё чизи дигар, ки бадгард ё шаробхору сигоркаш набуд. Ман ҳамеша барои ин хислатҳои шавҳарам аз Худои бузург миннатдор будам ва шавҳарам низ ҳамеша миннат мекард, ки ман ба ту хиёнат намекунам. Аммо зиндагӣ яксон набудааст ва инсонҳо низ метавонистаанд ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир биёбанд…

                               Маҷнуни сонӣ

Писаронам ба воя расиданду дар мактаб хеле нағз мехонданд, калонӣ бо дониши худаш ба донишгоҳ дохил шуду дуввумӣ бо баҳои хубу аъло мехонд. Шавҳари содиқи ман дар ҳамин айём, ки умраш аз чил гузашту буд, тамоман тағйир ёфт. Шабҳо то дер дар хонаи дигар менишасту авҳолаш бо телефон нависонавис, баъд телефонашро гирифта, ба айвонча мебаромад ё берун мерафт. Ба нигоҳи саволомези ман ҷавоб медод, ки бо “масъалаҳои корӣ», баъд оҳиста-оҳиста шабҳо то дер гум шуда мерафт. Ман эҳсос мекардам, ки байни мо зани дигар пайдо шудааст.Шавҳарам умуман ба ман аҳмият намедод, вале худашро он қадар орою торо медод, ки ногуфтанӣ.Чанд намуд костюму курта ва либосҳои варзишии зебо харид, ба либосҳои тагаш аҳамияти зиёд медод. Ман парешонҳолу хаёлӣ гаштани шавҳарамро бори аввал медидам. Ба ӯ саволи зиёдатӣ намедодам, зеро ҳатто нигоҳи ташвишомези ман ғашашро меоварду бо қаҳр дод мезад:
-Чӣ гӯсолаи мурда барин чашмҳоятро ба ман медӯзӣ?!
Ба хонишу одоби писаронам низ аҳамият намедод, ҳама кору бори хона, бозору мактабу донишгоҳи фарзандон дар сари ман бор буд. Дилам зиқ мешуд, пинҳонӣ мегиристам, вале илоҷ надоштам. Бисёр мехостам донам, ки рақибам кист, дили шавҳарамро кӣ бурдааст ва Худо мушкиламро осон кард…

                            Оташи рашк

Як бегоҳ аз кор бармегаштам, ки назди як коргоҳ мошини шавҳарамро дидам. Маршруткае, ки ман дар он менишастам, барои гирифтани одам чанд дақиқа истод ва ман дидам, ки як зани қоматбаланди ниҳоят зебои босалобат омада, дари мошинро кушоду беибо дар бари шавҳарам нишаст….
Дигар кай мусофирбар роҳакӣ шудааст, намедонам, ман аз истгоҳи назди хона гузашта, бехабар мондам. Он рӯз фишорам баланд шуда, сахт бемор шудам ва ду рӯз кор рафта натавонистам. Шавҳарам ҳамон гунае, ки буд, меомад ва мерафт. Як шом шавҳарам барвақт омад, вале чун мурғи посӯхта аз хона айвон мерафту аз айвон хона, телефон мекарду аз он тараф ба фикрам касе намебардошт. Ман базӯр ғалаёни дар дилам падид омадаро фурӯ нишонда, ба шавҳарам гуфтам:
-Мардакҷон, тинҷӣ? Як сол боз тамоман дигар шудаӣ, чӣ гап? Шавҳарам чун ҳарвақта бепарво гуфт:
- Ту болои сарат сарпаноҳ дорӣ, фарзандонат дар пешат, ман дер ҳам бошад, ҳар шаб дар пешат, шикамат серу танат пӯшида ҳаст, озодона кор рафта меоӣ?! Боз ба ту чӣ даркор?! Маро ба ҳолам гузор, ки ягон ҳодисаи нохуш мешавад, илтимос, маро ба ҳолам гузор!
Дар чашмони шавҳарам як бегонагиеро дидам, ки дигар натавонистам дар бори ҳодисаи он рӯз дидаам аз вай чизе пурсам, аммо оташи рашк ҷонамро месухт…

                               Рақиби тавоно

Фикр карда, фикр карда нақшае кашидаму рӯзи дигар бозор рафта, бист ҷуфт ҷӯроби занона харида, ба коргоҳи ҳамон зан рафтам ва худамро ҷӯробфурӯш фонамуд карда, тамоми кабинетҳоро давр задам, ҳамаи ҷӯробҳоро фурӯхтаму он занро наёфтам. Навмед шуда, аз дар баромаданӣ будам, ки ҳамон зан ҷунбон-ҷунбон аз дар ворид шуд ва ман ба кадом кабинет ворид шуданашро интизор шуда, аз фаррош пурсидам, ки ин зан кист?
-Як коргарамон, Фароғатхон ном дорад, чӣ буд?-дар навбати худ пурсид фаррош ва ман гуфтам, ки ба як ҳамсояи мо сахт монанд будааст, ин қадар зани хушрӯ, аз кару фараш маълум, ки хушбахт ҳам ҳаст…
Фаррош як оҳ кашиду гуфт, хок хушбахт аст. Шавҳараш дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуду як писарашро танҳо калон кард, ба ҳамин зебоӣ нигоҳ накарда, танҳо буд. Нав шаш-ҳафт моҳ шуд, ки ба шавҳар баромад, зани дуюм аст, вале мардак бисёр ҳурматаш мекунаду дӯсташ медорад. Ин зан ба чизе ниёз надорад, аз шавҳараш ба вай молу чиз ва чанд мағоза мерос монд, писараш низ тоҷир аст…
Ман аз назди фаррош рост ба хона омадаму сарамро ба деворҳо зада гиристаму гиристам. Шавҳарам он шаб дер омаду худамро дошта натавониста, ҳама чизи медонистагиямро гуфтам, вале мижааш ҳам нахӯрду гуфт, ки хуб кардаам, дар умрам аввалин бор дӯст доштам ва маро низ дӯст доштанд. Хоҳӣ, ана ҳамин, нахоҳӣ баромада меравам…

                         Ғуломи зани дуюм

Пас аз ин гуфтугӯ шавҳарам дигар озод шуд, акнун ҳамеша бо Фароғатхон аст, ба ман гуфт, ки агар назди ҳамин зан рафта, ҷанҷол бардорӣ, се талоқат мекунам. Инак, ду сол мешавад, ки шавҳарам ғуломи ҳалқабаргӯши ин зани танноз асту ҳама нозашро мебардорад, вай гӯяд мур мемирад ва гӯяд зӣ мезияд. Шарм надошта, назди ман ҳам таърифаш мекунад, аёми зангирии писарам фаро расидаасту мехоҳад ҷияни Фароғатхонашро келин кунад, ба фикрам ин мардак маро куштанӣ аст…
Ҳоло беморам, фишори баланд азиятам медиҳад. Худо мегӯям, ки намираму ақаллан писари калониямро зан диҳам. Аммо ин сангдил парвои ман надорад, баъзан дар ҳайрат мемонам, ки ман бо ҳамин қадар хизмат натавонистам дар дили шавҳарам ҷо шавам, Фароғатхон баринҳо чӣ гуна метавониста бошанд?
                                                                        Бо эҳтиром Файзия.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/agar-ba-zani-duyumam-kor-gir-se-talo-tadidi-shavar-ba-zan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.