расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 76 нафар сироят ёфтанд

. / Ҷомеа

Коронавирус дар Тоҷикистон: боз 76 нафар сироят ёфтанд

Теъдоди шифоёфтагон 94,5%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: Euronews
Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 16 ноябр 11 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта дар Тоҷикистон 76 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 85 нафар боқӣ монд.
Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 79 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 973 нафар ё худ 94,5%-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 16 ноябр дар саросари дунё аз коронавирус 1 316 623 нафар фавтида, вирус дар 54 335 914 кас ошкор шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.