расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » САРГУЗАШТИ ТАЛХИ ЗАНЕ, КИ БО МАРГ ДАСТ БА ГИРЕБОН АСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

САРГУЗАШТИ ТАЛХИ ЗАНЕ, КИ БО МАРГ ДАСТ БА ГИРЕБОН АСТ

Дардамро ба кӣ гӯям?
 Гулӣ ном дорам, зани 47- сола, зодаи деҳаи Қумоқи ноҳияи Нуробод ҳастам, вале айни замон дар шаҳри Душанбе иҷоранишинам.

Саргузашти талхи худро ба он хотир ба шумо қисса мекунам, ки мани дардманду азобдида дар ин дунё ягон дастгиру мададгор надорам. Умедворам, ки аз рӯйи раҳму инсоф ва оини мусулмонӣ ба мани ранҷур дасти ёрӣ дароз намуда, савоби Худовандро ба даст меоред...
Як гул аз ду чаман
Модарам аз Алимазори Ӯзбекистон, падарам бошад аз Комсомолобод (Нуробод)-и Тоҷикистон аст. Онҳо ҳангоми дар сафари хидматӣ будани падарам бо ҳам шинос шуда, издивоҷ карда будаанд. Падарам ба модарам ошиқи зор гашта, ӯро ба занӣ гирифта будааст, вале баъди ба ин ҷо омадан ситораҳояшон бо ҳамдигар мувофиқ наомада, мудом ҷангу ҷанҷол мекардаанд. Худованд ба онҳо аввал духтар ва сипас писари нозанин ато намуда бошад ҳам, тавлиди пай дар пайи ман ва бародарам натавонистааст оиларо аз вайронӣ наҷот диҳад. Модарам аз мушту лагади шавҳар безор шуда, баъди тавлиди бародарам, соли 1976 фарзандонашро гирифта ба ватанаш меравад, вале...
Очадори бе оча
Падарам чанд маротиба барои овардани модарам ба Узбекистон рафта бошад ҳам, бибию бобои модариам иҷозат намедиҳанд, ки духтарашон ба Тоҷикистон баргардад. Падарам чун мебинад, ки занаш дилу нияти бо ӯ зиндагӣ кардан надорад, мани хурдакакро, ки он вақт ҳанӯз дусола ҳам набудам, дуздида ба Тоҷикистон меорад. Ҳамин тавр, ман духтари очадор бе оча шудам. Дере нагузашта, падарам дубора хонадор шуд ва тарбияи мани хурдакак бар дӯши моиндарам афтид...
Кадбонуи хурдакак
Азбаски моиндарам ҷавон буд, пай дар пай аз падарам панҷ фарзанд таваллуд кард ва ман, духтари наврас кадбонуи хонадон шуда мондам. Ҳанӯз 10- сола набудам, ки гов меҷӯшидам, тамоми кору бори хонаро мекардам, бар замми ин, корҳои мардонаи саҳро низ бар дӯшам буд. Падар ва моиндарамро ганда карданӣ нестам, чунки чӣ хеле набошад, онҳо маро калон карданд, вале тамоми деҳа шоҳиданд, ки тани мани бе модар ягон либоси дурусту поям пойафзоли навро надидааст. Ҳанӯз 10 сола будам, ки пойлуч, дар танам куртаи нимдошт ва баъзан даридагӣ рӯзи дароз хар барин кор карда, об мекашондам, оғил меруфтам ва дигар корхои вазнини хонаро ба монанди бардоштани сатилҳои пур аз ахлоти говва тапаккунӣ иҷро менамудам.
Чаро ман бесавод мондам?
Моиндарам ба танҳоӣ бо панҷ кӯдаки хурдсол азоб мекашид, аз ҳамин сабаб, муаллимон чанд маротиба ба сарам омада бошанд ҳам, падарам намонд, ки ба мактаб равам, чунки дар хона дастёри бе миннат будам. Ба духтарҳои ҳамсоя, ки ҳамсинну соли худам, баъзеашон калон ё аз ман хурдтар буданд ва ҳар саҳар либосҳои тозаю озода пӯшида ба мактаб мерафтанд, бо ҳавас менигаристам ва баъзан гиря мекардам. Бисёр мехостам, ки ман ҳам мисли онҳо формаю фартук пӯшида ба мактаб равам, вале Худованд хондану навиштан ва илму ҳунару савод омӯхтанро ба мани бе модар насиб надида будааст...
Хостгор омаду қиёмат қоим шуд
Ҳамин тавр бо сад ранҷу азоб мани бе модар ба воя расида, духтари қадраси зебое гаштам. Вақте аз кӯча мегузаштам, одамони роҳгузар чашмашонро аз мӯйҳои дарозам намеканданд. Духтари барф барин сафед ва ҳунарманду сарпаст, ки будам, талабгоронам бисёр буданд. Як шом ба хонаамон аз деҳа хостгор омад. Падарам хостгорҳоро бо қошу қавоқи гирифта пешвоз гирифт ва “духтари шавҳар медодагӣ надорам” гӯён, навмед гусел кард. Намедонам байни онҳо чӣ гап гузашт, ки баъди рафтани хостгорон мани бегуноҳ дар зери мушту лагад мондам. Падарам бо ғазаб чанг зада, аз мӯйҳои дарозам дошт ва “ту лаънатӣ бо бачаи фалонӣ чӣ бало дорӣ, ки хостгор фиристодааст” гӯён, чунон бераҳмона маро лагадкӯб намуд, ки гову харро дар хирман он қадар намезананд. Зор-зор гириста қасам мехӯрдам, ки ман он бачаро намешиносам, вале падарам ба гапҳоям бовар накарда, маро мурданивор шаттакорӣ мекард...
Ишқи духтур
Аз ин ҳодиса тахминан се моҳ гузашта буд, ки бемор шудам. Падарам маро ба беморхона бурд. Маълум шуд, ки ин дарди кӯррӯда аст. Табибон гуфтанд, ки агар фавран ҷарроҳӣ накунем, духтар мемирад. Падарам ночор монда, ба ҷарроҳӣ розӣ шуд.
Духтуре, ки маро ҷарроҳӣ кард, бисёр ҷавон ва муҷаррад будааст. Байни ман ва он табиб чизе набуд, вале ӯ маро маъқул карда будааст. Пас аз он ки ҷавоб шуда ба хона омадам, ҳамон духтур суроғаамро ёфта, ба хонаамон хостгор фиристод. Падарам хостгоронро ин дафъа ҳам навмед гусел кард ва баъди рафтани онҳо боз маро таги шатта гирифт, ки ту бо ҳамон духтур мегардӣ. Бо тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрдам, ки духтур ба ман чизе нагуфта буд ва байни мо дар боби ишқи муҳаббат сухане ҳам радду бадал нагаштааст, аммо падарам на ба савганд бовар мекарду на оби чашмам раҳмашро меовард. Ин дафъа вай маро чунон бераҳмона зад, ки муддати се моҳ дар бистари беморӣ хобидам...
Вохӯрии тақдирсоз
Фарзандони моиндарам дар ин миён ба камол расида буданд ва ман эҳсос мекардам, ки дар хонаи падарам як нонхӯри зиёдатӣ шудаам. Рӯзе набуд, ки бо ягон сабаб оби дидаам ба бари рӯям ҷорӣ нашавад. Ҷонам ба лабам расиду як шом аз хонаи падарам фирор кардам. Борон бошиддат меборид ва ман таги як куртаи нимдошт сар то по шип-шилта тар шуда будам. Дар роҳи калон гирякунон мерафтам, ки мошине дар наздам қарор гирифт. Азбаски ронанда як марди миёнасол буд, бе ягон гумони бад ман ба мошини ӯ нишастам ва чун сабаби дар ин боронӣ ба роҳ баромаданамро пурсон гашт, чизеро пинҳон надошта, саргузаштамро нақл кардам. Ронанда каме андеша карда гуфт:
-Ман як ҷӯраи ҷонӣ дорам. Бисёр марди доро ва саховатманд аст, аммо фарзанд надорад. Аз занаш бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шуд. Медонам, ки ту духтари ҷавонӣ, вале гапи маро бигирӣ, ба ҳамон ҷӯраам ба шавҳар баро. Калонсол бошад ҳам, вай туро тори сар карда мегардад, агар ягон писар ё духтар таваллуд кунӣ...
Ман он лаҳза тайёр будам, ки ба безебтарин марди дунё ба шавҳар баромада, аз ранҷу азоб халос шавам, аз ҳамин хотир, розигӣ додам.
-Ин тавр бошад, ҳозир ман туро ба хонаи падарат мебарам. Ду-се рӯз тоқат кун, хостгорӣ рафта, туро бо дуои падарат арӯс карда мебарем, -гуфт ронанда ва мошинро қафо гардонд....
 Тӯйи бе доира
Ман танҳо баъди ба хонаамон омадани хостгорҳо фаҳмидам, ки ронанда “ҷӯраи ҷониам” гуфта, худашро дар назар доштааст. Азбаски вай марди сарватманд буд, падарам ин дафъа нею нестон накарда, дарҳол розигӣ дод. Одатан духтарҳоро бо тӯйи дакаданг ба шавҳар медиҳанд, вале маро бо як дег ош ба хонаи бахтам гусел намуданд. Ҳамин тавр, ман, духтараки 17-сола ба марди аз худам беш аз 20 сол калон ба шавҳар баромада, зани ин марди 35- сола шудам...
16 соли беҳосил
Шавҳарам калонсол бошад ҳам, иззату ҳурматашро ба ҷо меовардам ва тайёр будам, ки то охири умр хизмати ин мардро карда гардам, аммо бахт ба рӯям нахандид. Сабабгори бефарзандии шавҳарам на занаш, балки худи ӯ будааст. Дар тӯли 16 сол ягон беморхонае намонд, ки дарашро накуфта бошем. Дар ҳама ҷо табибон як гапро мегуфтанд: Аз ин мард ҳеҷ гоҳ фарзанд намешавад!
Найрангҳои “Дагар”
Беҳуда “нони бой арра дорад” нагуфтаанд, шавҳарам марди пулдор бошад ҳам, хислаташ бисёр вазнин буд. Дар хонаи ӯ он қадар азобҳое кашидам, ки ногуфтанӣ. Як сӯ таънаи бефарзандӣ, аз ҷониби дигар ғами бевафоии шавҳари занбозам дилу ҷигарамро хӯрда тамом кард. Марди безурриётро дар ҷойҳои мо “Дагар” мегӯянд. Ҳамсарам хуб медонист, ки дагар аст ва аз вай фарзанд намешавад, вале ба тақдир тан надода, гӯиё барои худашро санҷидан, тез-тез зан мегирифт. Азбаски марди сарватманд ва молу ҳолдор буд, бевазанҳои ҷавон ба хотири пулу мол ҷон-ҷон гуфта, бо ӯ ишқварзӣ мекарданд. Шавҳарам шарм надошта, баъзан маъшуқаҳояшро ба хона меовард ва маҷбур мекард, ки кабоб пухта онҳоро зиёфат диҳам. Ягон чиз гӯям, ба сарам дод мезад, ки ту ба ман ақаллан бача назоидӣ, ки меросхӯрам шавад. Бо оби дида хӯрок пухта, Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман ақаллан як фарзанд диҳад, то ки забонам дар назди шавҳарам ва хешу табораш каме дарозтар шавад, аммо....
Ҷудоӣ ва оғози сарсониҳо
Аз байн 16 сол гузашту ниҳоли умри мо бор наовард ва бо баҳонаи бефарзандӣ шавҳарам талоқи маро дода, зани ҷавонтар гирифт. Гирёну нолон ба хонаи падарам баргаштам. Касе чизе нагӯяд ҳам, худамро дар ин хона одами зиёдатӣ ҳис мекардам. Билохира таваккал ба Худо роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифтам, то ки як бурида нонамро худам ёфта хӯрам ва дарди сари падару додаронам нашавам.
Нони ҳалоли меҳнатӣ
Дар шаҳр бо кӯмаки як зани меҳрубон хонаеро иҷора гирифта, бо савдогарӣ машғул шудам. Дар бозор майда-чӯйда фурӯхта, рӯзамро бо меҳнати ҳалол пеш мебурдам. Дар ин ҷо ҳам азоб кашидам, вале Худо шоҳид аст, ки ҳаргиз ба роҳи бад рафта, ғарию дуздӣ накардаам. Хоҳ кам бошад, хоҳ беш бо ризқи додаи Худованд шукрона карда, аробаи зиндагиамро худам мекашидам, аммо...
Вохӯрии аввалину охирин
Дар дилам танҳо як орзу доштам, ки ақаллан як бор бошад ҳам, модарамро бубинам. Бо кӯмаки як зани меҳрубоне, ки маро духтархонд гирифта буд, пас аз ҷустуҷӯйҳои зиёд модарамро ёфтам. Мо аввал тариқи телефон суҳбат кардем, баъд модарам ба Тоҷикистон маро кофтанӣ омад. Ҳамин тавр, соли 2010 дар 30- солагиам бори аввал ман модарамро дидам. Вақте очаву духтар бо ҳам рӯ ба рӯ задем, гулхани аламҳои дилам аз нав аланга зад ва худамро ба оғӯши модарам партофта “очаҷон, барои чӣ маро партофта рафтӣ, агар фаҳмӣ, ки духтарат дар тули ин солҳо бе ту чӣ қадар азобу ранҷу хорию зорӣ кашид, дилу ҷигарат хун мешавад” гӯён, зор-зор гиристам. Модарам низ маро ба оғӯш гирифта, танҳо як гапро такрор мекард: “Ман туро партофтанӣ набудам, вале аз Узбекистон чанд бор одам фиристода бошам ҳам, падарат туро ба мо додан намехост...”
Ҳамон шаб то саҳар очаю духтар бо ҳам рози дил гуфтем. Аз нақлҳои модарам фаҳмидам, ки бибию тағоҳоям чанд маротиба барои бурдани ман омада будаанд, вале падарам ҳар дафъа маро пинҳон карда намегузоштааст, ки бо хешу табори модарам вохӯрам.
Модарам мехост маро бо худ ба Узбекистон барад, вале бо сабаби шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон будани ман ин кор ба ӯ даст надод. Ҳамин тавр модарам навмед шуда ба ватанаш баргашт ва ман дигар ӯро надидам. Ҳамон вақти омаданаш бемор буд модарам, ҳоло зинда аст ё кайҳо ҷон ба ҷонофарин супурд, инашро аниқ намедонам....
Дарди бедаво
Ҳар балое, ки аз осмон ба замин фуруд ояд, аввал ба сари одами камбағал ва бенаво мезадааст. Имрӯз ба сари ман балое фуруд омадааст, ки қасди рабудани ҷонамро дорад. Намедонам азобҳои дар кӯдакӣ кашидаам таъсир карданд ё тақдирам ҳамин будааст, ки панҷ сол боз ба дарди бедавое гирифторам. Ин беморӣ маро тамоман афгор кардааст. Кор кардан он тараф истад, дигар ҳатто мадори роҳ гаштан надорам. Дирӯз боз ба беморхона рафта будам. Духтур баъди дидани натиҷаи ташхисҳоям гуфт, ки гурдаҳоям ба пуррагӣ пӯсидаанд ва заҳролудшавии организм сар шудаасту дорую укол дигар заррае фоида надорад...
Хутбаи марг
Ягона роҳи наҷот иваз кардани гурдаам аст, агар пул ёфта ин корро накунам, мемирам. Духтурон мегӯянд, ки барои гурда донор ёфтан душвор, аниқтараш қимат аст, агар ягон бародар ё хоҳарат розӣ шуда, як гурдаашро диҳад, ҷарроҳӣ ба ту арзонтар меафтад. Бо шунидани ин сухани духтур ашки чашмонам ба рӯям шашқатор ҷорӣ шуда гуфтам: “Дар зиндагиям як сомонӣ ёрдам накарданд, магар гурдаашонро ба ман медиҳанд?! Медонам, ки ба ин кор ҳаргиз розӣ намешаванд, барои ҳамин аз онҳо чунин хоҳиш намекунам...”
Духтур лаб газида, дигар чизе нагуфт. Маълум буд, ки дилаш ба ҳоли ман месӯзад, аммо...
Падарамро сиёҳ карданӣ нестам
Хонандагони азиз! Мақсади ман аз нақл кардани саргузашти талхам сиёҳ кардани мӯйсафеди падарам нест. Падар чӣ хеле, ки набошад, падар аст ва ман падарамро дӯст медорам. Падарам шояд дар вақташ аз рӯйи меҳру муҳаббати падарӣ маро ба модарам надода бошад. Бисёр мехостам, ки ақаллан як бор падарам бо ман нишаста, рози диламро пурсон шавад, вале намедонам ғурури кӯҳистониаш ба ин монеъ гашт ё чизи дигар, ки ин корро накард. Аз он ки падару духтар шуда, мо ҳамдигарро дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ фаҳмида натавонистем, танҳо афсӯс мехӯраму халос. Нисбати падарам дар дилам ягон зарра кина надорам, вале...
Мурдан намехоҳам!
Ҷон ширин аст. Ман нав ба 47 қадам мондаам ва мурдан намехоҳам. Дар умрам ягон рӯзи хушро надида бошам ҳам, мехоҳам ақаллан 8-10 солаки дигар зиндагӣ кунам. Мурдан ҳақ аст, вале намехоҳам, ки ҳатто баъди маргам низ руҳамро озор диҳанд. Падарам як одати бад дорад, агар касе аз хешу табор бимирад, бо виқор мегӯяд: “Дидед, фалониро дуо кардам, дар як дам дуоям ӯро гирифту саг барин мурда рафт!”
Хонандагони азиз, умеди охиринам танҳо ба шумост. Ба қавли мардум мурдаамро кашола карда, ба идораи ҳафтаномаи “Оила” омадам, ки шояд бо воситаи ин газетаи мушкилкушо ба дардам даво меёбам. Бародарону хоҳарони мусалмон, агар дар роҳи ризои Худо хайр карда, ба мани бевазани бефарзанд ва муҳтоҷу дардманд дасти ёрӣ дароз намоянд, то нафаси охирин дар ҳаққашон дуои нек хоҳам кард...
Гулии сарсон
 
Р/С
Гулӣ, айн ҳол дар кӯчаи Бадахшони шаҳри Душанбе иҷора мешинад. Шахсони саховатманду хайрхоҳ метавонанд рақами телефони ин зани бе фарзанд ва бемору муҳтоҷро аз идораи сомонаи “Оила” пайдо намуда, ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунанд.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/sarguzashti-talkhi-zane-ki-bo-marg-dast-ba-girebon-ast

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.