расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Беморхонаи сироятии Зарафшони пойтахт дар таъмир буда, одамонро қабул намекунад

. / Ҷомеа

Беморхонаи сироятии Зарафшони пойтахт дар таъмир буда, одамонро қабул намекунад

Ин беморхона дар як вақт 390 нафарро бо муолиҷа фаро гирифта метавонад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus
Дар беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, таъмири асосӣ ҷараён дорад. Ин ҷо аллакай як моҳ инҷониб беморонро қабул намекунанд.
Сардухтури беморхона Хуршед Ҳабибов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки пас аз анҷоми таъмир беморхона бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад.
“Бо сабаби ҳолати хеле бади бино ва зерсохтори беморхона, зарурат пеш омад, ки ба корҳои таъмир оғоз кунем, зеро қубурҳои обрасон хеле куҳнаву фарсуда гардида аз онҳо ба девору фарш об ҷорӣ мешуд, - гуфт ӯ. - Аз ин рӯ, дигар беморонро қабул карда наметавонистем”.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин ҷо дар як вақт 390 нафар бо муолиҷа фаро гирифта шуда метавонанд.
Тибқи маълумоти дарёфтӣ, айни замон шахсони гумонбар ба сирояти коронавирусро дар Душанбе дар беморхонаи маркази солимии №1 (беморхонаи 1-ум Советский) ва Беморхонаи кӯдаконаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии пойтахт қабул мекунанд.
Қобили зикр аст, ки моҳи июн муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба фаъолият бо реҷаи муқаррарӣ баргаштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.