расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Бузургтарин нерӯгоҳи офтобии баландтарин нуқтаи аҳолнишини дунё дар Мурғоб

. / Ҷомеа

Бузургтарин нерӯгоҳи офтобии баландтарин нуқтаи аҳолнишини дунё дар Мурғоб

Ин тарҳ бо пуштибонии USAID анҷом шуд


Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аз ҳама бузургтарин ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳа нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад. 
Гуфта мешавад, ки нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб пуштибонӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.
Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шуда аст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Дар ин ноҳия бештар аз 6000 одам аз манбаъҳои барқтаъминкунии «ПомирЭнерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр будан, дар бунбаст қарор доштанд.
Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқро дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.