расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Руҳонии тоҷик: мусулмон метавонад ба зани ғайримусалмон издивоҷ кунад

. / Ҷомеа

Руҳонии тоҷик: мусулмон метавонад ба зани ғайримусалмон издивоҷ кунад

Дини мо никоҳ бо занҳои аҳли китобро ҷоиз мешуморад

Сурат: Asia-Plus
Домулло Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дини ислом никоҳи мардони мусалмон бо заноини ғайримусалмони аҳли китобро ҷоиз медонад.
Ин изҳори назари Маҳмуд Сангалиев дар ҳолест, ки ахиран Идораи диннии мусалмонони Русия фатвое содир кард, ки "никоҳ бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла пайравони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо - ИФ) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар мавридҳои муайяну хос бо қарори муфтии маҳаллӣ имконпазир аст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мушаххаси мазкурро баррасӣ ва ба инобат мегирад”, - гуфта мешавад дар фатвое, ки рӯзи сешанбе дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.
Аммо Маҳмуд Сангалиев мегӯяд, ки аз назари дини ислом издивоҷ ё никоҳи марди мусалмон бо зани мусалмони аҳли китоб раво аст ва ин як масъали қуръонист.
"Дар дини мо забиҳа ва никоҳ бо аҳли китоб ҷоиз аст, ки асл дар Қуръон дорад. Забиҳа, яъне ҳар он чи аҳли китоб забҳ мекунад, мекушад хӯрданаш барои мусалмон ҷоиз аст ва никоҳи марди мусалмон бо зани ғайримусалмони аҳли китоб ҳам ҳамчунин". 
Дар дини ислом аҳли китоб онҳоеро мегӯянд, ки ба пайғамбари онҳо китоби осмонӣ нозил шудааст. Пайравони паёмбароне чун Довуд, Мӯсо ва Исо аҳли китоб дониста мешаванд. 
Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, ки танҳо дар замони хилофати Ҳазрати Умар бо иттифоқи саҳобаҳо амр бар ин шуд, ки зани мусалмон наметавонад бо марди ғайри мусалмони аҳли китоб ақди никоҳ бубандад. Вале никоҳи марди мусалмон бо зани ғайримусалмони аҳли китоб аз назари дини мо, хусусан мазҳаби мо - ҳанафӣ, фиқҳи Имоми Аъзам мушкиле надорад. Ҳатто дигар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат бо ин мушкиле надоранд, зеро ин як масъалаи иттифоқӣ аст,-мегӯяд Маҳмуд Сангалиев.
Раёсати диннии мусалмонони Русия дар фатвои содиркадаи худ шартҳои хосеро барои ҷоиз будани никоҳи мардони мусалмон бо занони ғайримусалмони аҳли китоб дар назар гирифтаанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.