Тарабхонаҳо ва тӯй дар замони пандемия: кӣ зарар дид ва чӣ гуна?
Тарабхонаҳо асосан аз ҳамин ҳисоб даромади хуб мегирифтанд.
Сурат: Asia-PlusБа хотири пешгирӣ аз паҳншавии Covid-19 баргузории тӯй ва маъракаҳо маҳдуд шуд. Тарабхонаҳо, ки даромадашон асосан аз ҳисоби ин гуна маъракаҳо буд, осебпазир гардиданд.
Ҷашнҳои туйӣ имрӯз чӣ тавр сурат мегиранд? Таъсири пандемия ба тиҷорати соҳибкорон чӣ гуна аст? Кадом тағйироте ба фаъолияти онҳо ворид шуд? Дар ин бора бо маъмурияти яке аз тарабхонаҳои пойтахт - «Ҷавонон» суҳбат оростем.