расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистонро заминларзаи 4,9-баллӣ такон дод

. / Ҷомеа

Тоҷикистонро заминларзаи 4,9-баллӣ такон дод

Заминҷунбӣ дар чор кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос шуд.


Соати 19:37 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар 16 километрии шаҳраки Ғарм заминларза бо қувваи 4,9 балл ба қайд гирифта шуд.
Заминҷунбӣ ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа - Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон эҳсос шудааст.
Дар бораи харобиҳову зарару зиён ва ҷабрдидгон бар асари ин заминларза алҳол маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 8 ноябр низ дар ВМКБ, 41 километрии шаҳри Хоруғ заминҷунбии 4,6 балла сабт шуда буд. Инчунин рӯзи 6 ноябр Тоҷикистон ва боз се кишвари дигари Осиёи Марказиро заминларза такон дода буд.
Чанде пеш дар блоги директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук қайд шуд, ки талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои обхезӣ ва заминларзаҳо 400 млн долларро ташкил медиҳад.
Зикр гардида буд, ки теъдоди ҷабрдидагон аз ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар мерасад.
Ба сурати умум, таъкид намуд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.