расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ифтитоҳи толори фирмавии Мегафон Тоҷикистон дар Сангвор

. / Ҷомеа

Ифтитоҳи толори фирмавии Мегафон Тоҷикистон дар Сангвор

Инкишофи шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷон дар ноҳияҳои кишвар.

Сурат: Мегафон Тоҷикистон
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи  шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷонро дар ноҳияҳои кишвар идома медиҳад. Толори нави фирмавӣ дар маркази деҳаи Тавилдара кушода шудааст. Акнун сокинони деҳа, ки шумораашон беш аз 4 ҳазор мебошад, аз хизматрасонии ширкати  МегаФон Тоҷикистон истифода бурда метавонанд.    
«Пешниҳоди имкониятҳои қулай – яке аз омилҳои муҳимест, ки мо   ҳангоми рушди шабакаи хизматрасонӣ ба он аҳамият медиҳем. Аз ҳама мушкил - ин пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи шаҳрӣ ба маҳалҳои аҳолинишини хурд ба ҳисоб меравад.  Онҳо аз ҳам дар масофаи дур ҷойгиранд ва  бинобар ин қариб дар ҳар як маркази ноҳия кушодани толори фирмавии алоҳида зарурат дорад, ки ин  вақт ва маблағгузории калонро талаб менамояд.  Вале, бо пайдоиши ин гуна нуқтаҳо, муштариёни мо дигар барои рафтан ба ҷои дур ниёз надоранд. Ҳамин тариқ, қабл аз ифтитоҳи толор дар деҳаи Тавилдара, сокинони маҳаллӣ маҷбур буданд, ки ба ноҳияи Рашт барои дастраскунии хизматрасониҳои алоқа сафар намоянд ва ин хеле роҳи тӯлонӣ буд.  Акнун ҳама масъалаҳои бо хизматрасониҳои алоқа вобастаро дар маҳалли худ ҳал кардан мумкин аст», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ  Парвиз Давлатов.
Дар баробари кушодани толори фирмавӣ, муштариёни оператор имкон пайдо карданд, ки ҳангоми интихоби тарофаи муфид ё танзимкунии дастгоҳи мобилӣ бо мутахассисон машварат намоянд, бевосита бо намудҳои нави смартфонҳо шинос шаванд.  Ин ҳам барои сокинони деҳа ва ҳам барои сокинони маҳалҳои аҳолинишини атроф қулай мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.