расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Имрӯз автобусҳои Хуҷанд расман “кортӣ” шуданд

. / Ҷомеа

Имрӯз автобусҳои Хуҷанд расман “кортӣ” шуданд

Аммо ҳоло дақиқ нест, ки ба кадоме аз қишри мусофирон дар пардохти маблағи роҳкиро имтиёз дода мешавад.

Сурат: Asia-Plus
Сар аз имрӯз, 10-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ расман ҷорӣ шуд. Ҳоло танҳо автобусҳои мусофирбар бо ин системаи кортӣ гузаштааст.
Аюбҷон Раҳматзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросии расман иҷроӣ шудани низомӣ пардохти электронӣ гуфт, ки онҳо ба гурӯҳе аз қишри мусофирон дар додани корти электронӣ имтиёз додаанд.
“Барои шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, шахсони соҳиби имтиёз, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи атомии Чернобил корти нақлиётӣ ҳамчун имтиёз ройгон дода мешавад”- гуфт ӯ

Системаи пардохти электронӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Бонки Аврупои таҷдид ва рушд ва ташкилоти молиявии давлати Шветсария -“СЕКО” амалӣ гардид, ки 5,0 миллион доллари ИМА кӯмаки бебозгаш барои ин тарҳ сарф шудааст. 
Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ мекунад, ки низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам марбути он мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.