расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВКХ: Масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.

. / Ҷомеа

ВКХ: Масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил мекунанд.

Сурат: Asia-Plus
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.
Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи Вазорат қайд мешавад, ки дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Русия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ омода талаб карданд, ки ин ниҳод мушкилашонро ҳал кунад.
Ин донишҷӯён, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, мегӯянд, ки агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст онҳоро хориҷ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.