расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 ба беш аз 94% расид

. / Ҷомеа

Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 ба беш аз 94% расид

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Сурат: DW
Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 10 ноябр 11 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.
Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 58 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 711 нафар ё худ 94,1%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба зиёда аз 50 млн нафар расид.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори рекордии сироятёфтагон - 581,6 ҳазор нафарро дар як шабонарӯз ба қайд гирифта, аз оғози пандемия беш аз 1,2 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.