расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хидмат дар артиш садоқат ба модар аст

. / Ҷомеа

Хидмат дар артиш садоқат ба модар аст

СИЁСАТ

Душанбе 09 Ноябр 2020 10:55:47


7535

Замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Яъне, давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт. Давлати тозаистиқлол дар ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, назири таъсиси қӯшунҳои дохилӣ, зудамалу хушкигард, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳайё намудани техникаю лавозимоти ҳарбӣ муваффақ шуд.


Бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. Вазъи воқеии имрӯзаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ куллан тағйир ёфта, шароити хизмат батадриҷ беҳбуд меёбад. Сол ба сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Сабаби асосии он афзудани шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ мебошад. Бинобар ҳамин, Ҳукумати ҶТ дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Зеро дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бидуни қувваҳои мусаллаҳи худ ва набудани истиқлолияти амниятӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Имрӯз аксарияти ҷавонони бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст ва бо амри дил ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда истодаанд. Ин падида ифодагари ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони тоҷик буда, эҳсоси ватанпарастии онҳо торафт боло рафта истодааст. Зеро хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон аст.

Мардуми Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои чунин ҷавонони банангу номус ва далеру шуҷоъ, ки ихтиёран ба Артиши миллӣ пайвастанд, фарзандони далеру содиқ ба марзу бум ва сарзамини аҷдодии худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд. Воқеан ҳам, имрӯз рафтори ин ҷавонони шуҷоъу ватандӯст, ки ҳамагӣ пайравони ниёкони ҷасуру далеранд, шоистаи ибрат ба насли ҷавон аст. Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастан дар тамоми кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Аллакай дар бисёр минтақаҳои кишвар аз ҳисоби ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд, нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба артиш иҷро гардид. Ин аз як тараф, аз масъулияти баланди ватандӯстиву рафтори шуҷоъу ҷавонмардонаи ҷавонони тоҷик дарак медиҳад, ки ҳар яки онҳо ифтихори миллатанд ва аз тарафи дигар, шоҳиди фаъолияти пурсамари мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияву вилоятҳо, ки аллакай нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ анҷом додаанд, мебошад.

Хайрулло РАҶАБАЛИЕВ,
ходими калони илмии АМИТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.