расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Сироятёбии боз 41 кас аз коронавирус дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Сироятёбии боз 41 кас аз коронавирус дар Тоҷикистон

Шумори шифоёфтагон 93,3%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 4 ноябр 11 ҳазору 180 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон қариб 49 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 438 нафар ё худ 93,3%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз шумори рекордии беморони COVID-19 дар як ҳафта хабар дод. Теъдоди сироятёфтагон тайи як ҳафта дар ҷаҳон беш аз 3,3 млн нафар зиёд шуд.
Зикр шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аз оғози пандемия аст. Тай як ҳафта зиёда аз 45 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии сироятёфтагон дар саросари дунё ба 46 млн нафар расид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.