расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ӯзбекистон ҷоизаи 50-ҳазордолларии Ал-Хоразмиро таъсис дод

. / Ҷомеа

Ӯзбекистон ҷоизаи 50-ҳазордолларии Ал-Хоразмиро таъсис дод

Ин ҷоиза дар ду сол як бор тақдим карда мешавад.


Дар Ӯзбекистон ҷоизаи байналмилалиеро ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ донишманди саршиноси тоҷику форс таъсис додаанд, ки мукофотпулии  он 50 ҳазор доллари ИМА гуфта мешавад. Девони вазирони ин кишвар дирӯз тартиби тақдими ин ҷоизаро таъйид кардааст. 
Ин ҷоиза моҳи майи имсол аз сӯйи Шавкат Мирзиёев президенти ин кишвар таъсис дода шуд, ки дар ду сол як бор аз сӯи ӯ бо пешниҳоди Шӯрои ҷумҳуриявии ин кишвар дар бахши илму технология тақдим хоҳад шуд.
Ҷоизаи "Муҳаммад ал-Хоразмӣ" ба донишмандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие дода мешавад, ки дар асоси пажуҳишҳои илмии бунёдӣ ё амалӣ дар бахши риёзиёт ҳалли мушкили дақиқеро пешниҳод кардаанд.
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ риёзидон, нуҷумшинос ва ҷуғрофидони бузурги форсу тоҷик аст, ки  тақрибан соли 783 дар Хоразм таваллуд ва тахминан сол 850 дар Бағдод вафот кардааст. 
Дар Тоҷикистон низ чанд сол пеш бузургдошти ин донишманд таҷлил шуда буд. Баҳори имсол зимни таҷлил аз Рӯзи илм президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба хидматҳо ва шуҳрати ҷаҳонии Муҳаммад Хоразмӣ гуфта буд:
"Барои намуна, асари риёзии донишманди маъруф Муҳаммади Хоразмӣ  (780-850) «Китоб-ул-ҷамъ ва-т-тафриқ би-ҳисоби-л-Ҳинд» (Китоби ҷамъу тақсим аз рӯйи ҳисоби аҳли Ҳинд) бори нахуст мардуми арабу арабизабон ва пас аз тарҷума дар асри XII ба забони лотинӣ бо номи «Algorithimi de numero Indorum» мардуми Аврупоро бо низоми даҳгонаи ҳисоби ҳиндӣ шинос кард. Ин асар ҳамчунин номи ал-Хоразмиро на танҳо дар Аврупо, балки дар тамоми ҷаҳон бар сари забонҳо андохт. Мафҳуми «алгоритм», ки шакли аврупоии таҳрифшудаи «ал-Хоразмӣ»-ст, аз номи лотинии ҳамин китоб маъруф гардид ва нахуст дар Аврупо бо таваҷҷуҳ ба низоми ҳисоби даҳгонаи ҳиндӣ мафҳуми арифметика (аlgoritmus), баъдан ҳаргуна фароянди мунтазам ҳисобшаванда (алгоритм)-ро ифода мекард ва дар рӯзгори имрӯзаи мо маъмулан ба ҳамин маънии охир мавриди истифода қарор дорад".
Дар замони шӯравӣ 1200 солагии ин донишманди сатҳи ҷаҳон низ таҷлил шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.