расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАР ИСТАРАВШАН ХОНА БА ХОНА ГАШТА, АЗ АҲОЛӢ АНДОЗИ ПАНҶСОЛАРО ҶАМЪ КАРДА ИСТОДААНД

. / Ҷомеа

ДАР ИСТАРАВШАН ХОНА БА ХОНА ГАШТА, АЗ АҲОЛӢ АНДОЗИ ПАНҶСОЛАРО ҶАМЪ КАРДА ИСТОДААНД

Сокинони Истаравшан ба сомонаи "Ахбор” шикоят карданд, ки рӯзҳои охир раисони маҳаллаҳо ва коркунони ҷамоатҳо хона ба хона гашта, аз аҳолӣ супурдани андози панҷсоларо барои молу мулки ғайриманқул талаб доранд. Ба гуфтаи сокинон, коркунони ҷамоат ҳар метри мураббаи биноҳои сохтаи аҳолӣ, аз ҷумла хонаи истиқоматӣ, оғилу ҳатто сарой (навес)-ро чен карда, барои ҳар метри ин иншоот сокинонро андоз баста истодаанд. Коркунони ҷамоатҳо гуфтаанд, ки соли 2015 андози замин дар Тоҷикистон гӯё баланд шудааст, вале мақомоти маҳаллӣ аз ин тағйирот бехабар молу мулки мардумро тибқи меъёрҳои кӯҳна андоз бастаанд ва бояд ҳоло сокинон андози панҷсола – аз соли 2015 то 2020-ро бисупоранд.
Ҳамсуҳбатони сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки ин андози иловагӣ барои кӯлбаҳои фақирона 300-350 сомониро ташкил медиҳад, вале барои хонаҳои "андактар” то ба 800-1000 сомонӣ расида, онҳое, ки хонаҳои калонтар доранд, ҳатто то 4 ҳазор сомонӣ бояд андоз бисупоранд.

"Метр ба метр чен карда, барои ҳар метраш пул талаб доранд. Ҳатто аз иншооти хурде, мисли навес андоз талаб карда истодаанд. Коркунони ҷамоат мегӯянд, ки андози замин соли 2015 баланд шудаасту мо бехабар мондаем. Ҳоло якбора панҷсолаашро супоред, мегӯянд. О, мардум дар ин шароит аз куҷо пул доранд, ки якбора андози панҷсоларо супоранд? Мақомот худашон хато карда бошанд, айби мардум чист?” – мегӯянд сокинон.
Сокинони Истаравшан мегӯянд, ин андозбандӣ дар ҳолест, ки бе ин ҳам вақтҳои охир нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ба шиддат боло рафта, ба болои мавҷи дуюми коронавирус, ки бемористонҳои Истаравшанро моломоли маризон кардааст, аҳволи мардумро дар ин минтақа сахт ба танг овардааст. Сокинон ҳамчунин шикоят доранд, ки чанд вақт боз нирӯи барқ ба онҳо бо лимити шадид дода мешавад.

Ҷамъоварии андози панҷсола аз аҳолӣ дар Истаравшан дар ҳолест, ки мақомоти андози Тоҷикистон дар иҷрои нақшаи андоз ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд. Дар 9 моҳи аввали соли 2020 ба буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳо назар ба нақша ба андозаи 646 миллион сомонӣ (ё тақрибан 63 миллион доллар) пули камтар ворид шудааст. Нақшаи андоз барои моҳҳои январ-сентябр 8,1 миллиард сомонӣ муқаррар шуда буд, вале ба хазинаи давлат аз ҳисоби андоз ҳамагӣ 7,5 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки ин ҳамагӣ 79%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Мақомоти андоз бо мақсади иҷрои нақша роҳҳои нави пур кардани буҷаро меҷӯянд. Аз ҷумла ахиран фурӯши интернетиро низ дар Тоҷикистон андоз бастанд ва аз ширкатҳое, ки молҳои худро аз тариқи Интернет мефурӯшанд, талаб шудааст, то андози давлатро бисупоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.