расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар шаҳри Хоруғ театри “Лӯхтак” фаъол мешавад

. / Ҷомеа

Дар шаҳри Хоруғ театри “Лӯхтак” фаъол мешавад

Театр аслан сайёр буда, намоишҳои худро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ хоҳад монд


Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ” тасмим гирифтааст, ки дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ Театри лухтаки сайёр таъсис диҳад. Тавре роҳбари ташкилоти мазкур Зоҳир Шомусаламов  ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, онҳо талош доранд ҳарчи зудтар намоишҳои театриро дар вилоят рӯйи саҳна биоранд, чун намоишҳои театр барои кӯдакон як ҷаҳони дигари зебоӣ хоҳад дод.
Шомусаламов мегӯяд, ки театр, аслан сайёр мешавад ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят намоишҳои театришудаи худро пешкаши бинандагон мекунад. Ва намоишҳоро бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ хоҳанд монд.
Ӯ гуфт, ки коргардонҳои театр кӯшиш мекунанд, ки дар барбари намоишҳои гуногуни ҷаҳонӣ, қиссаву афсонаҳои қадимаи халқи тоҷикро низ ба бинанда пешниҳод намоянд. Ва табиист, ки намоишҳо ахлоқӣ, тарбиявӣ мебошанд.    
Ҳоло таъсисидиҳандагони театр тасмим доранд, ки фаъолияти худро дар бинои театри пешини вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз намоянд. Вале мегӯянд, барои фаъолият дар бино иҷозати раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро бояд дошта бошанд ва баъдан бо иҷозати Вазорати фарҳанг онҳо метавонанд кори худро шурӯъ намоянд.
“Бо раиси вилоят дар мавриди пешниҳоди худ ҳамсубат хоҳем шуд. Агар бини театри кӯҳна барои фаъолият ба мо дода нашавад ҳам, мо дар театри нави вилоятӣ метавонем барои худ ҷой пайдо намоем.  Ва баъдан аз Вазорати фарҳанг бояд иҷозати фаъолият бигирем. Вале умед аст, ки ҳар ду ҷониб тасмими моро дастгирӣ ҳоҳанд кард. Ҳоло корҳои маъмурӣ ва ҷамъоварии гуруҳро низ оғоз намудем. Ва агар иҷозати фаъолият зудтар дода шавад, аз моҳи декабр намоишҳои худро ба роҳ хоҳем монд ”, - иброз дошт раиси ташкилти ҷамъиятии “Рузбеҳ". 
Наргис Розиқова, роҳбари бадеии Театри давлатии “Лухтак” - и шаҳри Душанбе низ тасмими гирифтаи Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ”-ро саривақтӣ унвон кард ва гуфт. “Хоруғ низ бояд театри “Лухтак”-и худро дошта бошад”.
Розиқова мегӯяд, “Театри давлатии “Лухтак” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳри Бӯстони  вилояти Суғд фаъол аст ва дар шаҳри Хоруғ низ бояд фаъол гардад. Худи Зоҳир Шомусаламов барои таъсиси Театри “Лухтак” дар шаҳри Хоруғ бо мутахассисони  Театри давлатии “Лухтак”-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат гардида, дар тамрини ҳунармандон низ ширкат намуд. Ва мо дар ҳама ҳолат омодаи дастгирӣ ҳастем”, - илова кард номбурда.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.