расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Серияи дуюми веб-сериал дар бораи маъюбон нашр шуд

. / Ҷомеа

Серияи дуюми веб-сериал дар бораи маъюбон нашр шуд

Он дар бораи овозхони боистеъдоди дорои нуқси биноӣ ҳикоят мекунад.

Чанд рӯз пеш дар паҳнои YouTube серияи дуюми веб-сериал дар бораи шахсони маъюб «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА»  нашр шуд. Ин серия “Фалак” («Созданная небесами») дар бораи овозхони боистеъдоди дорои нуқси биноӣ ҳикоят мекунад.
Дар бораи нашри серияи нав дар саҳифаи лоиҳа дар Facebook хабар дода шуд. Дар серияи нав доир ба тақдири ситораи эстрадаи тоҷик - овозхон Матлуба Раҳимова, ки нуқси биноӣ дорад, маълумот дода мешавад.
Бо вуҷуди ин, духтар ба машқҳо рафта, корҳои рӯзгорро ба сомон мерасонад ва бо мусиқӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки паҳлӯи Матлуба касе нест, ки барои ба кор рафтанаш ба ӯ кумак кунад. Аз ин рӯ, ба қаҳрамони сериал лозим меояд, ки ҳамаи душвориҳоро худаш паси сар кунад.
Дар сериал барои шахсони кару гунг зернавиштаҷот ва шарҳи мутахассис бо ишораҳо вуҷуд дорад.
Бо тақдири қаҳрамонони веб-сериали «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА» дар шабакаи он дар YouTube метавон шинос шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.