расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Майя Санду аз раисҷумҳури феълии Молдова бештар овоз гирифт

. / Ҷомеа

Майя Санду аз раисҷумҳури феълии Молдова бештар овоз гирифт

Дар Молдова маъракаи интихоботи президентӣ доир гардид.

Игор Додон ва Майя Санду
Сурат: fondsk.ru
Дар интихоботи президентии Молдова бо 35,61% овозҳо баъди ҳисоби 99%-и протоколҳо Майя Санду пешсаф аст.
Бино ба иттилои evronews.com, роҳбари ҳизби оппозисиюни Ҳизби амал ва ҳамбастагии Аврупо Майя Санду дар даври аввали интихоботи президентии Молдова 35,61% овозҳои интихобкунандагон  касб кард.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури феълӣ Игор Додон 33.01% -и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.
Инҳо маълумоте мебошанд, ки Комиссияи марказии интихобот дар асоси ҳисобкунии 99,11%-и протоколҳо нашр кардааст.
Гуфта мешавад, ҳеҷ кадоме аз номзадҳо зиёда аз 50%-и овозҳоро ба даст оварда натавониста, бинобар интихобот дубора доир гардида, дар он ғолиби интихобот муайян мешавад.
Комиссияи марказии интихоботи Молдова интихоботро баргузоршуда эътироф намуд, зеро ҳадди талабмекардаи иштирок дар интихоботи ин кишвар 33,33%-ро ташкил медиҳад. Дар ин маърака беш аз 40% раъйдҳандагон овоз доданд. Интихоботи дубора рӯзи 15 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.