расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ифтитоҳи ҳудуди 200 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Тоҷикистон аз оғози сол

. / Ҷомеа

Ифтитоҳи ҳудуди 200 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Тоҷикистон аз оғози сол

Дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мешавад.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 106 корхона ва 87 коргоҳи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, ин корхонаву коргоҳҳо ба истеҳсоли маводи ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук ва мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон ва маъданҳои кӯҳӣ машғуланд.
Таъкид мешавад, ки дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин корхонаву коргоҳҳо аллакай ба маблағи 691 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба 3,3%-и Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст. Ба туфайли ба истифода додани иқтидорҳои нав, ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и кишвар то 17,9% афзуд.
“Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба маблағи умумии 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ беш аз 2,4 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла 694-тоашон дар вилояти Суғд, 613 - дар вилояти Хатлон, 471 - дар Душанбе, 425 - дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 50-то дигар дар ВМКБ фаъолият доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.