расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Темур Зулифқоров бо ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” қадрдонӣ шуд

. / Ҷомеа

Темур Зулифқоров бо ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” қадрдонӣ шуд

Солҳои пешин дигар намояндагони Тоҷикистон низ ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд.

Сурат: youtube.com
Нависандаи саршиноси русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров ба ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” (Звезды Содружества) қадрдонӣ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Фонди байнидавлатии гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хабар медиҳад.
Дар қаторӣ ӯ боз инҳо сазовори ҷоиза мазкур дониста шуданд:
директори Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон Наиля Велиханова (Озарбойҷон),
омӯзгори мусиқӣ ва дирижёр Светлана Навасардян (Арманистон),
директори маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил Александр Мрочек (Беларус),
роҳбари бадеии Театри давлатии мусиқӣ-драмавӣ Талгат Теменов (Қазоқистон),
кимиёшинос Одилбек Молдошев (Қирғизистон),
директори театри ҷваонони «С улицы роз» Юрий Хармелин (Молдова),
нависанда Гузел Яхина (Русия)
роҳбари бадеии ансамбли «Ялла» Фаррух Зокиров (Ӯзбекистон).

Маросими тақдими ҷоизаҳо маъмулан дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ, ки имсол бояд дар Ӯзбекистон доир гардад, баргузор мешавад. Дар робита ба вазъи вобаста ба эпидемия, рӯзи баргузории Форум ва шакли тақдими ҷоизаҳо ҳоло муайян карда нашудааст.
Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳо соли 2009 таъсис дода шудааст. Ҷоиза дар се бахш - илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.
Солҳои пешин намояндагони Тоҷикистон - рассом Вафо Назаров, шоир Низом Қосим, ҳунарманд Ибодулло Машрабов, академикҳо Ӯлмас Мирсаидов ва Далер Почоҷонов ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.