расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даргузашти Маҳмудҷон Дадобоев рӯзноманигори варзида дар вилояти Суғд

. / Ҷомеа

Даргузашти Маҳмудҷон Дадобоев рӯзноманигори варзида дар вилояти Суғд

Ба гуфтаи пайвандонаш чанд рӯзи ахир дар беморхонаи сироятӣ бистарӣ буд.

Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз бунёдгузорони чандин шабакаи телевизиони мустақил дар шимолии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр дар синни 52 солагӣ, аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз соати 10:00 дар манзили истиқоматияш, ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.
Рустам Ҳоҷибоев, яке аз пайвандони наздик ба Маҳмудҷон Дадобоев дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вай ҳафтае қабл аз ҳарорати баланди бадан азият мекашид ва аз ин рӯ дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардида буд. Вай мегӯяд марги нобаҳангом аҳли пайвандони рӯзноманигорро сахт андӯҳгин сохтааст. 
Маҳмудҷон Дадобоев аз соли 1993 то 1995 хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро", 1996-1997 сармуҳаррири "ТВ-7" ва дар солҳои 1997-2003 роҳбарии "Ширкати телевизион ва радиошунавонии СМ-1" дар шаҳри Хуҷандро дар зимма дошт. Солҳои 2006-2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва солҳои 2007-2008 сармуҳаррири яке аз нахустин рӯзномаҳои мустақил дар шимолии Тоҷикистон бо ном "Суғд" буд. Аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кули шабакаи телевизион ва родиоӣ "Ҷаҳоноро" буд.
Замони раиси шаҳри Хуҷанд будани раиси ҳозираи вилояти Суғд сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд.  Маҳмудҷон Дадобоевро ба унвони яке аз кормандони ҳирфаӣ дар бахши телевизион дар вилояти Суғд мешинохтанд.
Маҳмудҷон Дадобоев 27 ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъди анҷоми хидмати ҳарбӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ соли 1989 фаъолияти кориашро дар Иттиҳодияи истеҳсоли "Хуҷандатлас" оғоз карда буд.
Вай Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.