расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистон дар сафи 8 кишвари амнтари ҷаҳон

. / Ҷомеа

Тоҷикистон дар сафи 8 кишвари амнтари ҷаҳон

Таҳқиқот байни 144 кишвари саросари дунё гузаронида шудааст.

Сурат: Акс аз бойгонии хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Маркази байнулмилалии омӯзиши афкори умуми Gallup дар як раддабандӣ Тоҷикистонро шомили феҳристи 8 кишвари амнтарини ҷаҳон кардааст, ки “шаҳрвандонаш худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд”.

Таҳқиқоти 2020 Global Law and Order 144 кишвар ва қаламрави саросари дунёро фаро гирифта, раддабандӣ (рейтинг) бар асоси назарпурсии соли 2019 гузаронида дар ин кишварҳо таҳия шудааст.
Ҳудуди 90%-и пурсидашудагон аз Тоҷикистон посух додаанд, ки худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд.
Сингапур (97%), Туркманистон (93%), Норвегия ва АМА (92%-ӣ) амнтарин кишварҳо арзёби шудаанд. Нишондиҳандаи Тоҷикистон дар сатҳи Чину Кувейт ва Словения (ҳамаашон 90-ӣ) қарор гирифтааст.
Тибқи ин нишондиҳанда Афғонистон (12%), Габон (28%), Венесуэла ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (29%-ӣ) ноамнтарин кишварҳо номбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шохис (индекс)-и “волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ”-и таҳқиқоти Gallup Тоҷикистон бо 91 имтиёз дар зинаи 12-ум ҷойгир шудааст.
Аз рӯйи ин нишондиҳанда Сингапур, Туркманистон ва Чин дар сегонаи аввал қарор гирифтаанд.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин феҳрист Ӯзбекистон бо 92 имтиёз пеш аз Тоҷикистон - дар мақоми 10-ум зикр шудааст.
Қазоқистон (79 имтиёз) ва Қирғизистон (77 имтиёз), инчунин Русия (74 имтиёз) дар байни феҳрист ҷойгир шудаанд.
Дар ин ҷо ҳам Афғонистон ва Габон дар зинаҳои охир қарор гирифтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.