расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав тести ройгони COVID-19 супурда метавонанд

. / Ҷомеа

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав тести ройгони COVID-19 супурда метавонанд

Ҳамчунин барои муайян кардани бемории ВНМО низ метавон махфӣ ва ройгон аз ташхис гузашт.

Сурат: РБК
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони ҶТ мерасонад, ки дар ш. Москва бо сарпарастии фонди Viva Glam, маркази федералии ВНМО (СПИД) ва гурӯҳи коршиносии минтақавӣ доир ба сиҳатии муҳоҷирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар заминаи бунёди хайриявии “Шаги” (“Қадамҳо”) лоиҳаи башардӯстона ҷиҳати пешгирии бемориҳои ВНМО (СПИД) ва COVID-19 “Қадам ба солимӣ” роҳандозӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Намояндагӣ, ҳадафи асосии барномаи мазкур солим нигоҳ доштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошад. Дар доираи лоиҳа хоҳишмандон метавонанд ройгон ва ба таври махфӣ ташхиси таъҷилиро барои муайян кардани бемориҳои ВНМО, гепатити В, С ва сифилис гузаранд ва маводи зарурии пешгирикунандаи бемориҳои ВНМО ва COVID-19 гиранд.
Ҳамзамон, дар ҳолати зарурӣ, тариқи платформаи маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои фонд ба муҳоҷири меҳнатӣ машварати мутахассиси бемориҳои сироятӣ, генетикӣ, равоншинос ва коршиноси наркология дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки тамоми машваратҳо ройгон ва махфӣ, аз соати 14:00 то 19:30 рӯзҳои душанбе-ҷумъа, бо телефонҳои +7967-079-71-45+7915-462-55-21+7915-452-83-92 сурат мегиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.