расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КҲФ аҳолиро ҷиҳати омодагӣ ба сардиҳо даъват мекунад

. / Ҷомеа

КҲФ аҳолиро ҷиҳати омодагӣ ба сардиҳо даъват мекунад

Онҳо бахусус дар мавриди ҳосилғундорӣ, вазъи чӯпонҳову ронандагон ва кӯдакон нигаронанд.

Сурат: Акси марбута
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки  тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 28 октябр то 29 октябри соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорат паст мешавад ва ин ҳушдоре аз оғози сардиҳои сол аст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилоятҳои Суғду Хатлон 0 + 3° гарм ва дар баъзе ноҳияҳо 1-2°  хунук мешавад.  Табиист, ки сардии ҳаво барои маҳсулоти кишварзии саҳро таҳдидҳо хоҳад дошт.
Дар ин робита, Кумита ба аҳолии сокини минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон хотиррасон мекунад, ки ҳосили пухтарасидаро сари вақт бардоранд ва он зироатҳое, ки ҳанӯз напухтаву норасиданд, бояд дар чунин рӯзҳо бо плёнкаи пластикӣ ва хасу пахол пӯшонанд.  Кумита бо назардошти вазъи баамаломада ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки барои ҳифзи ҳосили дермонда чораҳои бетаъхири пешгирикунанда андешанд.
КҲФ инчунин даъват мекунад, ки ба соҳаи чорводорӣ бештар бояд таваҷҷуҳ кард. Сокинон ҳангоми чаронидани чорво дар доманакӯҳҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ бештар аз ҳар вақти дигар эҳтиёт шаванд.
Гуфта мешавад, ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд низоми ҳаракатро риоя кунанд, ба ҳеч ваҷҳ суръатро боло набаранд, масофаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шавад. Маъмулан, дар чунин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳӣ резиши санг эҳтимол дорад, аз ин рӯ бояд эҳтиёткор буд.
Сардии ҳаво эҳтиёҷи одамонро ба асбобҳои барқӣ бештар мекунад. Бахусус ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ бо асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунед, сари вақт аз вазъи ноқилҳо бохабар бошед. Касоне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дар оғози фасли сард бояд ҳатман дудбарои хонаҳоеро, ки бо бухорӣ гарм мекунанд, оташдонҳову танӯрҳои нонпазиро аз қабр хабар гиранд, тоза кунанд ва худро ба фасли сард омода созанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.