расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикдухтар пештози 10-гонаи озмуни “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия”

. / Ҷомеа

Тоҷикдухтар пештози 10-гонаи озмуни “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия”

Ҳамчунин боз 7 тоҷикдухтари муқими Русия низ ба ТОП-10 шомил гардиданд.

Сурат: акс аз саҳифаи Фотима Каладорова дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Бо ибтикори Федератсияи муҳоҷирни Русия имсол бори нахуст Озмуни байнулмилалии “Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия” баргузор мешавад. Дар он муҳоҷирдухтарон аз кишварҳои гуногун, ки дар қаламрави Русия иқомат доранд, иштирок мекунанд.
Айни замон дар овоздиҳӣ тариқи онлайн аллакай 8 нафар тоҷикдухтарон ба даҳгона (ТОП-10)-и аввал шомил гардидаанд.
Ҳадаф аз баргузории озмун таҳкими муносбатҳои байни миллату мазҳабҳо ва ташаккули робитаҳои неки ҳамҷаворӣ миёни халқҳои гуногун унвон шудааст. Дастандаркорони чорабинӣ қайд кардаанд, ки дар озмун ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам шаҳрвнадони хориҷӣ, ки айни замон дар қаламрави Русия иқомат доранд, иштирок мекунанд.
Марҳилаи пешниҳоди дархостҳо ба итмом расид: он аз 8 октябр то 26 октябр гузаронида шуд.
Ҳозир вақти овоздиҳӣ ба иштирокчиёни озмун ҷараён дорад. Шумо бо суроғаи зерин овоз дода метавонед.
Дар бораи озмун президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов маълумоти муфассал дод.

Тоҷикдухтарон дар 10-гонаи аввал

Ба даҳгонаи аввал 8 нафар тоҷикдухтароне шомил гардиданд, ки айни замон дар Русия, бештарашон дар Маскав зиндагӣ мекунанд. Зинаи аввалро аз рӯйи овоздиҳӣ Фотима Каладорова касб кардааст, ки ҳозир аллакай зиёда аз 900 овоз гирифтааст.
“Дар Русия ба дунё омадаву лекин ба таъриху анъанаҳои халқи худ арҷгузорам. Бо хушнудӣ фарҳанги беҳадду канори Ватани худро тавассути ҳунар муаррифӣ мекунам”, - ишора кардааст Фотима дар сомонаи расмии озмун.
Каладорова ФотимаАкс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Дигар тоҷикдухтарони ба 10-гона шомилгардида инҳо мебошанд: Аниса (зинаи 2-юм), ФарангезРӯзиева БаҳораГиёева АнисаСаодат, Марзия ва Савсан дар ҷойи 10-ум.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.