расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Далел COVID-19: Бемористони Ибни Сино аёдати беморонро маҳдуд кард

. / Ҷомеа

Далел COVID-19: Бемористони Ибни Сино аёдати беморонро маҳдуд кард

Мудири бемористон: "Маҳдудияти аёдати беморон бояд фавран дар дигар беморхонаҳо низ ҷорӣ шавад".

Сурат: Бемористи Ибни Сино
Бемористони Ибни Сино эълон кардааст, ки шурӯъ аз 26-октябри соли 2020, аёдати беморон аз ҷониби наздикону хешовандон дар бемористон муваққатан маҳдуд карда шудааст. Ва ин тадбир аз сӯи маъмурияти бемористон ба хотири риоят намудани талаботи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз авҷи COVID-19 пешбинӣ шудааст. Ва маҳдудияти аёдати беморон бояд фавран дар дигар беморхонаҳо низ ҷорӣ шавад.
Раиси Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ин тадбир барои эмании саломати хешовандон ва ҳам беморони бистарӣ муфид аст, то ҳам беҳтар шудани вазъияти бемории корнавирус дар кишвар бемористон бо чунин реҷа кору фаъолият мекунад. Ва  маҳдудияти аёдати беморон дигар як чизи одӣ аст, ки тамоми бемористонҳо бояд ин реҷаро фавран ҷорӣ намоянд.
“Ҳар беморе, ки ба бемористон меояд, пеш аз ҳама аз озмоиши тестӣ гузаронида мешавад ва баъдан барои идомаи табобат бистарӣ мегардад. Яъне мутмаин мешавем, ки бемор гирифтори COVID-19 нест.  Хусусияти фиребандаи беморӣ низ ин аст, ки он дар қисми зиёди одамон ба таври пинҳонӣ ҷараён меёбад.  Аммо дар ҳолатҳое, ки хешовандони бемор ба аёдати онҳо меоянд, имкони сироят намуданро дорад, чун бештари афрод бемориро бидуни нишонаҳо мегузаронанд. Дар ин ҳолат имкон аст, шахси мариз сироят ёбад ва беморони дигарро сироят кунад”.
Хотиррасон мешавем, ки дар бемористонҳое, ки гирифторони коронавирус дармон мешаванд ва ҳамчунин дар таваллудхонаҳо низ  аёдати беморон аз оғози шуйуъи коронавирус маҳдуд карда шудааст. Аммо дар дигар беморхонаҳо ин маҳдудият ҷорӣ нашудааст. 
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси  Беморхонаи “Шифобахш”  (маъруф ба беморхонаи Қарияи Боло) Хизматулло Шамсзода гуфт, беморхонаи онҳо барои аёдати беморон маҳдудият  ҷорӣ накардааст. Вале риояи қоидаҳои санитарӣ, ки барои пешгирии бемории коронавирус пешбинӣ шудаанд, ҷорӣ шудааст.
Шамсзода мегӯяд, ҳар нафаре, ки ба аёдати бемор меояд, аз вақту соати муайян огаҳ аст ва дар беморхона аз соати 12-то 13 рӯз ва соати 16 то 18-и бегоҳ  иҷозаи аёдат аст, аммо танҳо бо рияои қоидаҳои беҳдоштӣ.  “Пеш аз ворид шудан ба назди бемор тасби бадани афроде, ки ба аёдат омадаанд санҷида мешавад, бо маҳлули махсуси тиббӣ дастонашон пок карда шуда, бо хилъати тиббӣ ва ниқоб ба назди бемор ворид мешаванд”.

Ба гуфтаи раиси Бемористони Ибни Сино,  тасмими маҳдудияти аёдат аз қабл низ гирифта шуда буд, вале эълони хабари онро ҳоло пахш намуданд, то нафароне, ки наздикони худро ба беморхона меоранд, аз ин тасмим огаҳӣ дошта бошанду баъдан нофаҳмиҳо нашавад.
“Ин тасмим аз қабл гирифта шуда буд, вале бархе хешовандон инро дуруст қабул накарданд. Баъдан имкон додем, ки танҳо як нафар дар рӯз ба аёдат биёяд. Вале боз ҳам мушкилиҳо пеш омад ва ба ҳамин хотир ҳоло эълонро паҳн кардем. Пештар наздикони бемор метавонистанд аз соати 12 то 13-и рӯз ва соати 5 то 6-и бегоҳ ба аёдати бемор биёянд. Мардум бояд ин тасмими гирифтаро дастгирӣ намоянд, чун бо беморон метавонанд тариқи паёмак, зангҳои телефонӣ ва ё зангҳои видеоӣ тамос бигиранд ва аз аҳволашон бохабар шаванд”- илова кард ҳамсӯҳбати мо.
Холиқзода инчунин илова кард, ки танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба хешовандони маризони калонсол ва бархе беморон, ки хеле ниёзманд ҳастанд, иҷозати ворид шудан ба беморхона дода мешавад. Вале мегӯяд: “ ҳамчунин хӯрок ва ё ҳар бастае, ки барои беморон наздиконашон меоранд, бо зикри ному насаби бемор ба дасти ҳайати кормандони ошёнаи якум бидиҳанд. Онҳо дар ирсоли бастаи шумо кумак хоҳанд кард”. 
Бемористони Ибни Сино охирин бемори шифоёфтаи коронавирусро рӯзи 15 июн аз беморхона рухсат дода, дигар беморони гирифтори COVID-19-ро  қабул намекунад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.