расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

. / Ҷомеа

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

 Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 25 август 8379 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7179  (85,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 67 нафар фавтидаанд.
«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 77 нафар гумонбарон қарор дошта, 37 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.