расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Соҳибони фазои Тоҷикистон моем”. Кори авиадиспетчерҳо

. / Ҷомеа

“Соҳибони фазои Тоҷикистон моем”. Кори авиадиспетчерҳо

20 октябр Рӯзи байнулмилалии авиадиспетчерҳо ҷашн гирифта мешавад.

Сурат: Asia-Plus
Рӯзи байнулмилалии авиадиспетчерҳо (нозирони танзими парвозҳо) имрӯз, 20 октябр ҷашн гирифта мешавад. Ба таъмини бехатарии парвози мусофирон натанҳо халабон (лётчик)-у техникҳо, балки ин шахсон дар замин низ масъуланд. Ба кору касбияти авиадиспетчерҳо масъулият ва талаботи баланд тақозо мешавад.
Санаи 5 ноябри соли 2019 Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 90-солагиашро ҷашн гирифт. Моҳи июни ҳамон сол дар фурудгоҳи Душанбе нуқтаи нави аэронавигатсионии танзим ва назорат (диспетчерӣ) ба кор даромад.
Манораи он 42 метр буда, аз пешина баланду калонтар аст. Ин дили фурудгоҳ аст, ки ҳамаи парвозҳо аз ҳамин ҷо назорату танзим мешавад.
Як сол пеш мо аз ин нуқта боздид намуда, бо фаъолияти коргарони он аз наздик шинос шудем.
“Мо соҳибони фазои Тоҷикистонем. Чизе, ки аз болои он мегузарад, мо мебинему назорат мекунем”, - мегӯяд авиадиспетчер Нодир Одилов, ки қариб 40 сол дар ин вазифа кор мекунад.
Аз фазои Тоҷикистон 45 роҳи ҳавоӣ мегузарад. Якчанд ҳавопаймо дар як вақт аз фазои он убур карда метавонанд. Ин бе таҷҳизоти муосир хатарнок аст.
“Монитори ARM Master барои назорати вазъи фазо лозим аст, - ҷойи кори худро нишон медиҳад Одилов. - Рӯйи он  мавқеи ҳавопаймоҳо дар фазо инъикос мешавад. Айни замон шумо дида метавонед, ки ҳавопаймои Қазоқистон фуруд меояд. Он аз Файзобод гузашта, ба самти фурудгоҳи Душанбе равона аст”.

Дар ҷойи кории авиадиспетчерҳо ҳамеша ҷадвали парвозҳо ҳаст, ки аз ҳамин ҷадвал кор дар ин ҷо оғоз мегардад.
“Мо як нуқтаи ба истилоҳ ВАДЕР дорем – он дар 200 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ҷоест, ки он сарҳади фазоии қабулу гусели ҳавопаймо барои диспетчерҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, - иброз медорад Одилов. - Ана аз ҳамин ҳудуд диспетчери мо то ба замин нишастани ҳавопаймо идораи парвози онро зери назорат мегирад. Агар бо ягон сабаб, масалан, банд будани хати нишаст ягон ҳавопаймо фуруд омада натавонад, барои ин мо минтақаҳои интизорӣ дорем, ки бо дастури диспетчер ҳавопаймои дигар то вақти таъиншуда ба он ҷо фиристода мешавад”.
Аммо диспетчерҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳавопайморо ба он минтақа нафиристода, хати фуруду парвозро пешакӣ озод кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.