расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рӯзи эҳтимолии оғози соли хониш дар Ӯзбекистон муайян шуд

. / Ҷомеа

Рӯзи эҳтимолии оғози соли хониш дар Ӯзбекистон муайян шуд

Имсол дар макотиби Ӯзбекистон дарсҳо ба шакли "синфхонаӣ" баргузор мешаванд, яъне хонандагон аз як синфхона ба синфхонаи дигар намераванд
 Санаи эҳтимолии оғози соли хониш дар Ӯзбекистон муайян шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати маориф.
Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов тариқи нишасти видеоӣ масъалаи маорифро баррасӣ кардааст.
"Дар ин ҷасала қарор шуда, ки ба таври озмоишӣ рӯзи 7 сентябр дар "минтақаҳои сабз" ва аз 14 сентябр дар дигар манотиқи кишвар таҳсил оғоз шавад". - омадааст дар хабарнома.
Маълум шуда, ки имсол дар макотиби Ӯзбекистон дарсҳо ба шакли "синфхонаӣ" баргузор мешаванд, яъне хонандагон аз як синфхона ба синфхонаи дигар намераванд.

Ҳамчунин ҳокимияти ҳамаи маҳаллаҳо вазифадор шудаанд, то мактабҳоро бо маҳлулҳои антисептикӣ таъмин намуда ва ҳамаи омӯзгоронро аз тести COVID - 19 гузаронанд.
Зиёда аз ин, дар ҳамаи мактабҳои Ӯзбекистон ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷудонишиниӣ омода мешаванд ва ғизои толибилмон зери назорати қатъии Хадамоти санитарию эпидемиологӣ қарор мегирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.