расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АТРИ “ШАБНАМИ СУРАЙЁ” БО НАРХИ 89 ЕВРО БА ФУРӮШ БАРОМАД (4 АКС)

. / Ҷомеа

АТРИ “ШАБНАМИ СУРАЙЁ” БО НАРХИ 89 ЕВРО БА ФУРӮШ БАРОМАД (4 АКС)

Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки атри нави занонае бо номи ӯ - "Shabnam Surayo” - ба фурӯш баромадааст.
Барои фурӯши атри "Shabnam Surayo” дар Интернет ҳатто як сомонаи вижа сохтаанд дар нишонии https://www.ss-beauty.de/ .
Дар ин сомонаи нархи як шиша атри 89 евро (105 $)  муқаррар шуда ва гуфта мешавад, ки ин атрҳо дар Олмон тавлид мешаванд.
Дар муаррифиномаи атри "Shabnam Surayo” гуфта мешавад, ки "атри "Shabnam Surayo” аз табиат илҳом гирифта, як намунаи назокати нодиданист. Рамзи камол ва гармония аст. Шабнами Сурайё бо роҳи омезиши зеботарин ашёи табиӣ атре сохтааст бепоёну дурахшон ва дар айни замон – моеъ ва сода.”
"Дидор бо атри шик
Дидор бо атри Шабнам” – атри навро таҳти чунин шиор ба бозор даровардаанд.
Худи Шабнам дар саҳифааш дар Инстаграм чунин навиштааст:

"shabnamsurayoofficial

"Имрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид. Атре, ки дар офариданаш ман бо гурӯҳам хеле кор кардем. Ин ҳадяи беҳтарин дар ҷашни таваллуди ман аст ва на фақат барои ман, зеро ҳамаи кӯшишҳоям ҳамеша ба хотири эҳтироми мухлисонам буду ҳаст. Аз ҳамин рӯз ба баъд шумо метавонед дар тамоми кишвар атри маро бо фармоишот ба ин ҷо@ssbeautygermanyдастрас кунед. Сад харидори аввал бо соядасти ман соҳиби ин атр мешаванд. Дӯстатон дорам! Шумо илҳомбахши ман ҳастед!
Zobrazit příspěvek na InstagramuИмрӯз рӯзи хос аст! Атри Шабнам охиран ба Душанбе расид. Атре, ки дар офариданаш ман бо гурӯҳам хеле кор кардем. Ин ҳадяи беҳтарин дар ҷашни таваллуди ман аст ва на фақат барои ман, зеро ҳамаи кӯшишҳоям ҳамеша ба хотири эҳтироми мухлисонам буду ҳаст. Аз ҳамин рӯз ба баъд шумо метавонед дар тамоми кишвар атри маро бо фармоишот ба ин ҷо @ssbeautygermany дастрас кунед. Сад харидори аввал бо соядасти ман соҳиби ин атр мешаванд. Дӯстатон дорам! Шумо илҳомбахши ман ҳастед!
Příspěvek sdílený Shabnam Surayo (@shabnamsurayoofficial), 




Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.