расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Даргузашти журналист Мавлуда Рофиева дар Хуҷанд

Ҷомеа / Ҳаводис

Даргузашти журналист Мавлуда Рофиева дар Хуҷанд

Ӯ ба ҳайси рӯзноманигори ғайриштатии хабаргузории “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд кор мекард.


Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори минтақавии “Азия-Плюс” рӯзи 13 октябр дар беморхонаи клиникии ба номи С.Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.
Ин беморхона ба дармонгоҳи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус мутобиқ гардонида шудааст. Далели марги ӯро дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасдиқ намуда, лекин аз ҷузъиёти сабабҳои маргаш маълумот надоданд.
Ҳамкорон ва дӯстони ӯ хабар доданд, ки ҳафтае пеш Мавлуда аз сулфа, зукому шамолхӯрӣ ва нотавонии ҷисмаш шикоят дошт. Ӯ дар хона муолиҷа мегирифт, лекин пас аз бад шудани вазъи солимиаш дар бемористон бистарӣ шуд.
Ба гуфтаи ҳамкорон, Мавлуда ба солимии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард ва дар шароити пандемия ҳамаи чораҳои пешгириро риоя менамуд.
“Як ҳафта пеш мо бо ӯ телефонӣ суҳбат кардем, - мегӯяд дӯст ва ҳамкорӣ ӯ Муҳаббат Ҷӯраева. - Ӯ изҳор дошт, ки аллакай сиҳат шуда истодааст ва рӯзи душанбе ба кор мебарояд. Лекин воқеа чунин сурат гирифт, ки боиси таассуф аст. Мо натанҳо мутахассиси босаводи кори худу ташкилотчии моҳир, балки як зани ҷасуру ғаюр ва адолатхоҳро аз даст додем. Аз неру ва талошҳое, ки ӯ дошт, ҷавонон бояд сабақ бигиранд”.
Давоми фаъолият ба ҳайси намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ӯ тез-тез барои рӯзноманигорон мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои ҳадафнок баргузор мекард.
Мавлуда Рофиева дар шаҳраки Адрасмон ба дунё омада, дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) зиндагӣ мекард. Волидонаш зодагони деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт мебошанд. Падараш 90-сола буда, ҳамроҳи писараш дар Гулистон умр ба сар мебарад.
Раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Ориф Бобоҷонов хабар дод, ки барои анҷоми маросими гӯру чӯб оила омадани духтари Мавлударо, ки айни замон дар Маскав иқомат дорад, интизор аст.
Ба гуфтаи пайвандони марҳум, алҳол дар бораи дар куҷо гӯронидани ҷасади рӯзноманигор тасмиме гирифта нашудааст. Маросими гӯронидан зери назорати табибони санитарӣ баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.