расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » «ЗАНГИРИАШ ҲАМИН БОШАД, АЗ БАҲРИ ЗАН ГУЗАШТАМ ҶӮРА, УМРЕ КИ ДОРАМ, ЗАН НАМЕГИРАМ!»

. / Ҷомеа

«ЗАНГИРИАШ ҲАМИН БОШАД, АЗ БАҲРИ ЗАН ГУЗАШТАМ ҶӮРА, УМРЕ КИ ДОРАМ, ЗАН НАМЕГИРАМ!»

 
Мухлиси ашаддии ОИЛА ҳастам ва ҳар шумораашро бесаброна интизорӣ мекашам. Мехоҳам қиссаи зангирии як дӯсти ҷониамро ба хонандагон нақл кунам, то ҷавонони нияти хонадоршавӣ дошта, панд гирифта дар интихоби ҳамсафари ҳаёт ҳушёр бошанд. 
Дӯсте дорам, бо номи Раҳим. Бахти аввал ба рӯяш нахандиду аз ҳамсараш ҷудо шуд. Бо умеди барои фарзандонаш модари нав ёфтан ба ҷустуҷӯйи зан афтид. Барояш чанд арӯс ёфтанд. Раҳим аз ман хоҳиш кард, ки дар вохӯрӣ ҳамроҳиаш намоям, то шарм надорад. Аввал ба Исфара раҳсипор шудем, вале духтари  исфарагӣ чунон шартҳое монд, ки аз шуниданаш ҳуш аз сарамон парид. Он хонум танҳо ба шарте ба издивоҷ розӣ мешудаанд, ки Раҳим хонаву тангаву тилло харида диҳад. Дидем, ки намешавад, ҳаволаи арӯси мағрурро ба худо супурда ба Конибодом рафтем. Хонуми Конибодомӣ нозу ишвакунон гуфт: «Духтаратонро ба модаратон монда ба тарафҳои мо биёеду аз шаҳри Хуҷанд хона харида ба номи ман ҳуҷҷат карда диҳед, бо ҷону дил арӯсатон мешавам!» Ҷӯраам бо шунидани ин гап лолу ҳайрон монда, чунон пакар шуд, ки аз баҳри вохӯрӣ бо дигар арӯсшавандаҳо гузашта ба хона баргашт ва рӯзи дигар чипта харида ба Русия парид. Барои гуселаш ба фурудгоҳ рафтам. Вақти хайрухуш кардан Раҳим оҳи сарде кашида гуфт:

«Зангириаш ҳамин бошад, аз баҳри зан гузаштам ҷӯра, умре ки дорам, зан намегирам!»

Дилам хиҷил гашт. Ҳайронам, ки чаро имрӯз занону духтарони тоҷик бахтро танҳо дар хонаву мошин ва зару зевар медида бошанд. Иқтисоди бозоргонӣ мардумро чунон вайрон кардааст, ки ҳатто бахтро низ ба савдо мегузоранд. Домодшаванда чи хислату хӯ дорад, барояшон муҳим нест, пул дошта бошад, шуд! Аз ҳамин сабаб оилаҳои ҷавон ба зудӣ вайрон мешаванд, чунки пулу мол ҷойи қадри одамро гирифтааст. Пул дошта бошӣ, ту ба ҳама даркор, надошта бошӣ, аз рангу рӯят безоранд. Магар аз зан ё шавҳаре, ки ба хотири пул, мошин, хона, зару зевар туро ҳамсар гаштааст, ягон некиро чашмдор шудан имкон дорад? Албатта не! Мехоҳам аз минбари «Оила» ба занону духтарон бигӯям:
Хонумҳои азиз! Бахт мол нест, ки онро нарх гузоред! Пулу мол ёфт мешавад, вале одами хубро ёфтан бисёр душвор аст. Ба хотири боигарӣ шуда бахти худро аз даст надиҳед!
Рустамбой 46 сола, хонандаи «Оила»  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.