расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҷеенбеков истеъфои нахуствазирро пазируфт

. / Ҷаҳон

Ҷеенбеков истеъфои нахуствазирро пазируфт


Сооронбой Ҷеенбеков ва Кубатбек Боронов

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, фармони истеъфои сарвазир ва ҳукумати кишварашро имзо кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти он кишвар хабар доданд.
"Дар робита ба фармони президент, касоне, ки дар мақоми сарвазир, ноиб-аввали сарвазир, ноиб-сарвазир, аъзои ҳукумат кор мекарданд, ба истеъфо рафта, то ташкили ҳукумати нав дар мақоми иҷрокунандаи вазифа боқӣ мемонанд", - хабар доданд аз маркази матбуотии президент.
Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр ва пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумат боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои мухолиф дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Ин ҳамоиши эътирозӣ ба задухурд миёни сокинон ва кормандони пулис анҷомид.
Дар натиҷа шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон "Кохи сафед" ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Президенти Қирғизистон омода аст, тарки мақом кунад, аммо бо шарт


Марзҳои Қирғизистон баста шуданд, то мансабдорон фирор накунанд


"Кӯҳнаҳо бояд бираванд." Идомаи эътирозҳо дар Қирғизистон


Раҳмон бо Путин ва ҳамсояҳо вазъият дар Қирғизистонро баррасӣ кардааст


Ҷээнбеков: "Ман президенти қонунӣ боқӣ мемонам"


"Вокуниш ба беадолатӣ". Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба он чӣ дар Қирғизистон мегузарад


Эътирозгарон чӣ гуна дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ишғол карданд?


Эътирозгарон дар Қирғизистон бинои порлумон, дафтари президент ва КДАМ-ро "гирифтаанд". ВИДЕО, АКС






Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.