расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Русия ба Белорус зиреҳпӯш ва чархболҳои ҷангӣ медиҳа

. / Ҷаҳон

Русия ба Белорус зиреҳпӯш ва чархболҳои ҷангӣ медиҳа



Русия ба Белорус чанд адад нақлиёти зиреҳпӯш ё БТР ва чархболҳои ҷангии Ми-35М медиҳад. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" бо такя ба манобеи худ дар вазорати мудофиаи Белорус хабар дод.
Ду кишвар дар ҷараёни форуми байналхалқии "Артиш-2020" дар ин бора шартнома бастаанд. Шартнома ду "БТР-82А" ва чаҳор чархболи ҷангии навъи Ми-35М дар бар мегирад.
Вазорати мудофиаи Белорус дар пайи эътирозҳои мардумӣ эълом кард, ки чанде аз қисмҳои низомӣ омодагии ҷангӣ гирифта ва афсарони эҳтиётиро ба хизмат даъват кардаанд.
"Сар аз 24 август марҳилаи севуми санҷиши омодагии ҷангии неруҳои мусаллаҳ шуруъ шуд. Афсарони эҳтиётӣ ба хизмат даъват мешаванд", - омада аст дар хабари вазорати мудофиаи Белорус.
Президенти амалкунандаи Белорус Александр Лукашенко рӯзи 22 август гуфт, ки НАТО дар наздикии марзи кишвараш "ба ҷунбиш" омадааст. Ба ин далел бештаре аз қисмҳои низомии Белорус омодагии ҷангӣ гирифтаанд.
Дар Минск ва чанде аз дигар шаҳрҳои Белорус бештар аз ду ҳафта аст, ки эътирозҳои оммавӣ зидди натиҷаҳои интихоботи президентӣ хомӯш намешаванд. Сокинон ба пирӯз шудани Александр Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август шубҳа доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.