расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ТикТок ҳукумати Амрикоро ба додгоҳ кашид

. / Ҷаҳон

ТикТок ҳукумати Амрикоро ба додгоҳ кашид

ТикТок мегӯяд, хатаре барои амнияти Амрико надорад.

Аппликейшн ва ё замимаи видеоии TikTok ҳукумати Амрикоро, ки мехоҳад, истифодаи онро дар қаламраваш манъ кунад, ба додгоҳ кашид. Дар шикояти расмӣ, ки рӯзи 24-уми август ба додгоҳе дар Калифорния расид, омадааст, ки ҳукумати Амрико кӯшишҳои зиёд барои посух додан ба нигарониҳо доир ба иттилооти хусусӣ ва амнияти корбарони TikTok-ро нодида гирифтааст.
Доналд Трамп рӯзи 6-уми август дастур дод, ки ҳаргуна муомилот бо соҳибони чинии ТикТок манъ карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки замимаи мазкур барои амнияти миллӣ хатар дорад ва мумкин аст, ТикТок-ро барои дурӯғпароканӣ ва ба нафъи Ҳизби комуннисти Чин истифода баранд.
Ҳукумати Трамп ҳамчунин ба ширкати чинии ByteDance дастур додааст, ки ТикТок-ро ба ягон ширкати амрикоӣ фурӯшад. Ширкатҳои Оракл ва Майкрософт гуфтаанд, ки майли харидани бахши амрикоии ТикТок-ро доранд. ТикТок дар Амрико бештар аз 80 миллион корбар дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.