расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Русия Тихановскаяро дар ҷустуҷӯй қарор дод

. / Ҷаҳон

Русия Тихановскаяро дар ҷустуҷӯй қарор дод

Аммо Тихановская дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор надорад

Сурат: РИА Новости
Русия Светлана Тихановская номзади мавриди ҳимояти эътирозгарони Белорусро дар қаламрави худ мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст.  
Ба иттилои ТАСС мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки ба далели ин ки бону Тихановская  дар Белорус дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор дорад, мо бо Белорус шартномаи байнидавлатӣ дорем ва аз ин хотир Русия ҳам ӯро дар ҷустуҷӯй қарор дод.
Номи Тихановская дар пойгоҳи додаҳо (маълумот)-и ҷустуҷӯйии ВКД Русия ворид шудааст.
Манбаъи ТАСС дар мақомоти интизомии Русия гуфтааст, ки Тихановская дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор надорад, танҳо Белорус ӯро меҷӯяд.
Мавриди ҷустуҷӯ қарор додани Светлана Тихановская  дар Русияву Белорус дар ҳолест, ки ӯ баъди интихобот ба Литвия фирор карда буд ва рӯзҳои ахир бо чанде аз мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо ва сарони кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Имонеул Макрон раисҷумҳури Фаронса ва Ангело Меркел садри аъзами Олмон дидор дошт. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.